День 6 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

180
(Таҷдидшуда 17:36 05.11.2019)
Рӯзи шашуми ноябр дар Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тотористон – Рӯзи Конститутсия қайд мешавад. Сокинони Тоҷикистон ин рӯз истироҳат мекунанд

Рӯзи 6 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1946 дар Бритониёи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шуд.

Соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кард.

Соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофиаи ИМА - ро вирус пахш намуда буд.

Соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуд.

Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқаи футболи америкоиҳо баргузор гардид.

Рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Конституция республики Таджикистан, архивное фото
© Sputnik Игорь Лекаркин
Конституция республики Таджикистан, архивное фото

Соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон  бори дуюм ба ин мақом интихоб гардид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото
© Sputnik / Сергей Субботин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.

Соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Ҷашнҳои рӯзи 6 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1922 журналист Нишон Ҳамроҳ.

Соли 1923 корманди ҳукумат Низорамо Зарифова.

Соли 1925-1995 балерина, нахустин Ҳунарманди мардумии ИҶШС аз Тоҷикистон Лутфӣ Зоҳидова.

Соли 1936 года таърихшинос, профессор Роҳат Набиева.

Соли 1948 года Ҳунарманди шоистаи Тоҷиистон Нурулло Абдуллоев.

180
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ноябр, ҷашн
Кадры разрушенных домов после землетрясения в Раштском районе

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хиросор ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

15
Хисороти заминҷунбӣ дар Тоҷикобод муайян шуда, феълан масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Гурӯҳи кории байниидоравӣ хисороти заминҷунбӣ дар деҳоти ноҳияи Тоҷикободро муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

"Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб дидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, санҷиш нишон дод, ки хонаҳои аз заминҷунбӣ зарардида дар солҳои 70-80-уми асри гузашта бидуни риояи қойидаҳо ва меъёрҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ бунёд шудаанд. Заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст.

Айни замон масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад.

Барои муайян кардани хисороти заминларза гурӯҳи корӣ ба Тоҷикобод рафт

Хотирнишон менамоем, ки 4 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминдарза ба кайд гирифта шуд. Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод: чанд манзили сокинон хароб шуд

15
Барчаспҳо:
ҳисоб, хисорот, заминҷунбӣ, Тоҷикобод
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон
Зонтик, архивное фото

Дар ВМКБ борон : пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

34
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм шуда, дар баъзе навоҳии ВМКБ борони кутоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

34
Барчаспҳо:
ҳушдори ҳавошиносон, Боду ҳаво, Тоҷикистон