Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото

Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд

2506
(Таҷдидшуда 15:46 11.11.2019)
Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳри  таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо гӯшти босифату арзон аз Белорус ба Душанбе гӯшт ворид мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе аз ширкатҳои Беларус —  "Комбинати гӯшти Слонимск" ва "Комбинати гӯшти Слутск" ба ҷумҳурӣ 300 тонна гӯшти чорвои калон ворид менамояд.

Ин иқдом бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, баҳри таъмини бозорҳои истеъмолии шаҳр бо гӯшти баландсифату арзон ва муътадил нигоҳ доштани нархи он амалӣ мешавад. Айни замон  ба пойтахт 20 тонна гӯшти гов оварда шуда, минбаъд низ марҳила ба марҳила воридоти он меафзояд.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", КВД "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе бо ширкатҳои  Ҷумҳурии Беларус — ҶСК  "Комбинати гӯшти Слонимск" ба маблағи як миллион доллари ИМА ва ҶСК "Комбинати гӯшти Слутск" панҷсад ҳазор  доллари ИМА ҷиҳати хариди гӯшти гов шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мутахассисон — кормандони соҳа барои забҳи чорво ба ин давлатҳо сафарбар карда шудаанд. Бо мақсади дар ҳолати хуб  нигоҳ доштани маҳсулоти  воридшуда дар маҳаллаи 33-и ноҳияи Синои пойтахт  мағозаи фурӯши гӯшт ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст.

"Дар  пойтахти мамлакат аз ҷониби масъулин барои нигоҳдории  гӯшти  аз хориҷи  мамлакат воридшаванда ва интиқоли он  шароити зарурӣ  фароҳам оварда шудааст. Маҳсулоти гӯштӣ дар яхдонҳо нигоҳ дошта шуда, онҳо бо мошинҳои махсусгардонидашуда ба суроғаи даркорӣ интиқол меёбанд", — афзуд манбаъ.

Дар ин маврид сардори Раёсати бехатарии озуқавории  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Бобошо Кармишев  иброз дошт,  ки "воридоти маҳсулот танҳо ба он ширкатҳое иҷозат дода мешавад, ки дорои сертификати "Ҳалол" буда, тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо амал менамоянд. Барои омӯзиши вазъи эпизоотикии ин кишварҳо аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мутахассисон ва коршиносони давлатӣ ба он ҷумҳуриҳо фиристода мешаванд".

Ёдовар мешавем, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба тасвиб  расонид, ки тибқи он аз 1 августи соли равон воридоти чорво ва хӯроки чорво  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид.

Ҳадафи ин қарор ба эътидол овардани нархи гӯшт дар бозор ва қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот мебошад.

Дар назар дошта шудааст, ки ҳамзамон   паҳншавии бемориҳои хатарноки ҳайвонот тавассути чорвои воридшаванда ва воридшавии гӯшту маҳсулоти гӯштии пастсифат ба ҷумҳурӣ қатъиян пешгирӣ  карда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, мақомоти дахлдор бояд барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолии дохилӣ бо гӯшт бо сохторҳои  дахлдори ҷумҳуриҳои  Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон бештар ҳамкорӣ намоянд.

Тавре муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусозода иброз дошт, "тибқи ин қарор воридоти чорво ва маҳсулоти хӯроки чорво (комбикорм) аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ вобаста ба ин масъала   тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст".

Муовини вазир ҳамчунин иброз дошт, ки баъди ба тасвиб расидани ин қарор  аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун баровардани чорвои зинда тавассути сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои гумрукӣ пешгирӣ гардида, дар сурати рух додани ин ҳолат тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳолатҳои ғайриқонунии нигоҳ доштани чорво ва забҳи он дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти гурӯҳи мазкур дар доираи қонунгузории амалкунанда ба  бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ва ба тартиб даровардани масъалаи зикршуда равона гардидааст.

Тибқи қарори мазкур, мақомоти дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе растаю дӯконҳои  гӯштфурӯшии ҷавобгӯй ба меъёрҳои муқарраршуда ва талаботи санитарию гигиенӣ таъсис дода, инчунин  дар мағозаҳо фурӯши гӯшт ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ соли равон  истеҳсоли гӯшт 73  ҳазору 996 тоннаро ташкил додааст.

2506
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Белорус, гӯшт, Рустами Эмомалӣ
День 27 января

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

62
(Таҷдидшуда 18:53 26.02.2021)
Рӯзи бисту ҳафтуми феврал дар Русия аз Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус ҷашнг гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Доминикан истиқлолияти худро эълон намудаст

Рӯзи 27 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.

Соли  1900 дастаи футболи "Бавария" таъсис дода шуд.

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи "People" бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

Рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан
© Sputnik Амир Исаев
Эмблема Центральной избирательной комиссии Республики Таджикистан

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи гаравхона (ломбард)"-ро қабул намуд.

День 25 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Рушди минтақаҳо" Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал

  • Дар Русия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

Рӯзи 27 феврал кӣ ба дунё омадааст

Соли 1933 - ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.

Соли 1941 - доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.

Соли 1963 – шоира Гули Зард

62
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Пункт пропуска на границе, архивное фото

Мулоқоти маҷозии Нозирӣ бо Арзиев: марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад?

1492
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни як конфронси видеоӣ ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.

Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.

Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.

Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.

1492
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз баҳси забонҳои помирӣ ва пешниҳодҳо ба Ҳукумат гуфт

0
(Таҷдидшуда 14:29 27.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз баҳсу мунозираҳо атрофи забонҳои помирӣ гуфт, ки ба иттилои ӯ ҳамарӯза сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд. 

Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.

Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт сурат нагирифтааст.

0
Барчаспҳо:
забон, Тоҷикистон