Сокинони деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз бо оби пок таъмин шуданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо кумаки Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оқохон сокинони деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз бо оби пок таъмин шуданд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сокинони деҳаи Даштаки ҷамоати Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз пас аз чанд соли интизорӣ соҳиби оби поки нӯшиданӣ гардиданд, хабар медищад АМИТ "Ховар".

Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шаҳригул Бодурова, қаблан сокинони деҳа аз оби як чашмаи кӯҳӣ истифода мекарданд, ки талаботи аз нисф камтари онҳоро қонеъ мекард.

Центр управления государственной границей Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди Оқохон пешниҳоди Кумитаи амниятро мақбул донист

Дар деҳоти атроф ҳам захираи об мавҷуд набуд. Ягона деҳа, ки захираи фаровони оби ошомиданӣ  дорад, ин деҳаи Зев аст, ки дар масофаи 14 километр дур ҷойгир аст.

Бинобар ин мақомоти ноҳияи барои ҳалли ин масъала ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оқохон барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 730 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба уҳдаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Румайсо" гузошта шуда барои зудтар ба охир расондани хати интиқоли об худи сокинони деҳа низ ба коргарон кумак расонидаанд.

Ба гуфти раиси ҷамоати деҳот, барои сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ дар манзили сокинони деҳа ҳисобкунакҳо васл карданд.

"Маблағе, ки ба даст меояд, барои таъмиру тармими ҳавзи нигоҳдории об ва шабакаҳои обрасонӣ сарф мешавад. Зеро сокинони он деҳоте, ки ҳисобкунак надоштанд, ҳангоми таъмиру тармим бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Баъди ҳар як садама  дар қубурҳои обгузар ё худ ҳавзи нигоҳдории об бо сабаби надоштани маблағи кофӣ як ё ду моҳ мардум бе об мемонданд. Аммо он деҳоте, ки ҳисобкунаки об доранд, аз суратҳисоби худ маблағи заруриро гирифта, дар зудтарин фурсат мушкилашонро ҳал мекунанд".

Манбаъ афзуда, ки феълан қариб 80 фоизи деҳоти ин ноҳия бо оби поки нӯшиданӣ таъмин мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0