Қаллобии мақомдорон ошкор шуд: бар ивази 4 ҳазор доллар ғайриқонунӣ замин фурӯхтанд

© PixabayМолоток
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кули Тоҷикистон ҳукми ду мақомдори вилояти Хатлонро эълом намуд, ки дар фурӯши ғайриқонунии замин гунаҳкор дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кули Тоҷикистон, фурӯши ғайриқонунии замин аз ҷониби роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва мутахассиси Кумитаи замин моҳҳои ноябр - декабри соли 2016 сурат гирифтаст.

Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
300 гектар замин ба Узбакистон!? Гап сари чист?

Манбаъ меафзояд, Абдуалимов Сайдалӣ, ки ба ҳайси роҳбари хоҷагии деҳқонии "С.Ҷураев"- и ноҳияи Вахш фаъолият мекард, бо маслдиҳати пешакӣ бо Кенҷаев Дилшод мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар, ба таври ғайриқонунӣ замин фурӯхтанд.

Ҷаримаи мақомдори Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин

"Абдуалимов ва Кенҷаев ҳарчанд ваколати додани қитъаи заминро надоранд, вале бо вуҷуди ин ба Бегов Маҳмалатиф, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш бар ивази 4 ҳазор доллар ва 1 600 сомонӣ, 0,04 га порчаи замин фурӯхтанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Бегов пас аз соҳиби қитъаи замин шудан,  соли 2018 дар он таҳкурсии манзили истиқоматиро бунёд намуд.

Зимнан прокурори шаҳри Бохтар нисбати Кенҷаев ва Абдуалимов бо моддаҳои 247 қисми 3 банди "а" ва 338 қисми 2 банди "а,в" кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, барои баррасӣ ба суд ирсол намуд.

Дар Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Бо қарор суди шаҳри Бохтар, Кенҷаев ва Абдуалимов гунаҳкор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шудаст.

Лентаи хабарҳо
0