День 20 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

80
(Таҷдидшуда 18:17 18.11.2019)
Рӯзи бистуми ноябр рӯзи ҷаҳонии кӯдакон буда дар Мексика – Рӯзи инқилоб мебошад. 20 ноябри соли 1938 нависандаи шаҳир Бозор Собир ба дунё омадааст

Рӯзи 20 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1959 СММ Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.

Соли 1968 дар натиҷаи силсилатаркиш дар кони Манингтон (ИМА) 99 нафар коргарон ба ҳалокат расиданд.

Соли 2008 аввалин шумораи нашрияи "Мигрант_tj" нашр гардид.

Рӯзи 20 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.

Медуниверситет в Душанбе, архивное фото
© Sputnik
Медуниверситет в Душанбе

Соли 2009 шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул намуд.

Соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ба имзо расид.

Соли 2013 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "TajChina-2013" -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Соли 2015 ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр

  • Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.
  • Дар Мексика – Рӯзи инқилоб.

Рӯзи 20 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1908 – олим, шарқшинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Корманди шоистаи илми Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев.

Соли 1930 – журналист Музофир Илолов.

Соли 1935-1984 – композитор Саид Ҳамроев.

Соли 1938 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов.

Соли 1938-2018 – нависанда Бозор Собир.

Бозор Собир. Архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Бозор Собир. Архивное фото

Соли 1946 – мунаққид Абдухолиқ Набиев.

Соли 1946-2004 – доктои илмҳои филологӣ, профессор Шокир Мухтор.

Соли 1953-2000 – нависанда ва коргардон Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Соли 1953-2011 – адабиётшинос Абдуманон Насриддинов.

Соли 1958 – журналист Неъматулло Нурулло.

Соли 1963 – композитор Парвиз Туробӣ.

Соли 1965 – овозхон Сабоҳат Наҷмиддинова.

80
Барчаспҳо:
ноябр, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон