Президент РФ Владимир Путин, президент Ирана Хасан Рухани (слева) и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган

Ҷашнҳои рӯзи 22 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

106
(Таҷдидшуда 19:00 18.11.2019)
Рӯзи бисту дуюми ноябр, дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ, дар Ливан – Рӯзи истиқлол ва дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура таҷлил мешавад

Рӯзи 22 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1806 аввалин шумораи рӯзнома бо забони франкоӣ дар Канада  "Ле Канадиен" нашр  шуд.

Соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи навро қабул намуд.

Соли 1967 Шӯрои амнияти СММ барои баровардани ҷангиёни Исроил аз ҳудуди забтшудаи арабҳо қарор қабул кард.

Соли 1986 Майк Тайсони 20-сола унвони ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард.

Боксер Майк Тайсон. Архивное фото
© AP /
Боксер Майк Тайсон. Архивное фото

Дар ин рӯзи соли 1993 Арманистон пули миллии худ – драмро ба муомилот баровард.

Рӯзи 22 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Соли 2002 дар "Конгресс-сентр"-и шаҳри Прага Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои узви Шӯрои шарикии Урупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи "Шарикӣ ба хотири сулҳ" (ҳамагӣ 46 кишвар) узви он мебошанд, суханронӣ кард.

Соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 14 сафири Фавқулода ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016),  ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 ноябр

  • Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
  • Дар Ливан – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

Рӯзи 22 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1935  – композитор Саид Ҳамроев.

106
Барчаспҳо:
ноябр, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон