Швейная фабрика по пошиву военной одежды

ВУД Тоҷикистон занон ва духтарони дӯзанда меҷӯяд

104
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вебгоҳи худ эълони ҷойи кор барои духтарон ва занони дӯзанда нашр намудаст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикикистон занони боҳунар - дӯзандаҳоро ба озмун барои ишғоли ҷойи кор даъват намудаст.

Бар хабари вебгоҳи вазорат, корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати умури дохилии  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ниёз ба занону духтарони дӯзанда дорад.

Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон рӯзи 22 - юми ноябри соли равон ифтиоҳ ёфта буд.

Акнун ВУД Тоҷикистон дӯзандаҳоеро меҷӯяд, ки аз уҳдаи дӯхтани либосҳои низомӣ бо тарҳи муосир ва сифати баланд  ба хубӣ баромада тавонанд.

Эълони озмун барои ишғоли ду вазифа дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Манбаъ меафзояд, хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 8, маҳаллаи 1 - ум Советский бо телефони 93 471 05 05 муроҷиат намоянд.

104
Барчаспҳо:
дӯзанда, ВУД, Тоҷикистон