Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Пулро аз мардум гирифтанду ба давлат надоданд: додгоҳ 2 мақомдорро дар Суғд ҷазо дод

468
Додгоҳи шаҳри Конибодом мудири Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ирам-2014” ва сармуҳосиби ширкати “Насим”-ро барои исрофкорию азхудкунии маблағҳо ҷарима баста, барои як сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум намуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Рашид Қаҳоров, мудири Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ирам-2014”, ҳамчун шахси масъул соли 2017 маблағҳои хизматрасонии обро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ карда, ба манфиати худ истифода кардааст, хабар дод Додситонии кул.

Ба иттилои манбаъ, Қаҳҳоров аз хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Патар ва Ғ.Ортиқови шаҳри Конибодом ба маблағи 138 ҳазору 139,79 сомонӣ ҷамъ оварда, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ворид накарда, азонихуд намудааст.

Додситонӣ афзуд, инчунин Қаҳоров бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҶДММ “Насим”,  Маматов Ғуфрон Бобохонович дар асоси шартнома барои бунёди иншооти обтозакунии канали калони “Фарғона” маблағи 170 ҳазор сомониро гирифта, изофанависӣ кардаанд.

"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Бар асоси иттилоия, мақомдорони мазкур бо роҳи зиёд нишон додани арзиши масолеҳи сохтмонӣ ва изофанависӣ дар асл ба маблағи 89 ҳазору 698 сомонӣ корҳоро ба сомон расонида, 80 ҳазору 302 сомониро азонихуд намудаанд.

Додгоҳи Конибодом Қаҳоров ва Маматовро дар азонихудкунӣ ё исрофкорӣ гунаҳкор дониста,  ҷарима бастааст ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян тайи 1 сол маҳрум кардааст.

468
Барчаспҳо:
мақом, Суғд, Тоҷикистон