Маблағ, акс аз бойгонӣ

Тақдими 250 ҳазор сомонӣ грантҳои раис ба 21 бону - видео

120
(Таҷдидшуда 15:42 30.11.2019)
Дар шаҳри Бохтар маросими тақдими грантҳои раиси вилояти Хатлон аз ҷониби Қурбон Ҳакимзода ба 21 бонуи ғолиб баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, мегӯяд, ба озмуни мазкур 59 лоиҳаи тиҷоратӣ аз ҷониби бонувони соҳибкор ва ҳунарманди вилоят пешниҳод шуда буд, ки аз миёни онҳо 21 нафар ғолиб дониста шуданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ ба муаллифони панҷ лоиҳаи пешниҳодӣ 20 ҳазор сомонӣ, ба 11 нафар ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ва барои татбиқи 5 лоиҳаи дигар 8 ҳазор сомонигӣ, ҷамъ 250 ҳазор сомонӣ ва шаҳодатномаҳои ғолиби грантҳои раиси вилоятро супурд.

Котиботи ҳукумати Хатлон хабар дод, ки қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон соли 2016 қабул гардид.

“Тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон  гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таъсиси сехҳои чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдонбофӣ ва ғайраҳо нигаронида шуда, дастгирӣ ёфтанд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, имсол ғолибони гранти раиси вилоят лоиҳаҳои “Коргоҳи хурди истеҳсоли равғани растанӣ”, “Дӯхти либосҳои миллии тоҷикӣ бо мӯди аврупоӣ”, “Ташкил намудани фермаи хурди парандапарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ”, “Рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Вахш”, “Коргоҳи дӯзандагӣ”, “Таъсиси гармхона”, “Коргоҳи дӯзандагии зардӯзӣ”, “Коргоҳи истеҳсоли тушбера”, “Таъсиси кошонаи ҳусн”, “Омӯзиши санъат ва беҳдошти хизматрасонӣ дар тарабхона ва ошхона”, “Рушди фаъолият ва мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кори иловагии Ҷамъияти нобиноён” ва ғайра гардиданд.

120
Барчаспҳо:
грант, бонувон, Тоҷикистон