ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сар аз якуми январ дар Тоҷикистон ба воридкунандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ имтиёзҳои бештар дода мешавад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Бар хабари манбаъ, ҳукумат барои коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба воридкунандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ имтиёзҳои ҷадид пешниҳод намояд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки воридкунандаҳои чорвои хушзот ва чорво барои гӯшт ба Тоҷикистон ба чунин имтиёзҳо соҳиб хоҳанд шуд.
Ба замми ин аз 1-уми январ воридоти ҳама гуна навъҳои хӯроки чорво аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд”, - қайд кард манбаъ.
Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд
Қобили зикр аст, ки аз нимаи соли равон нархи гӯшт, орд ва маснуоти ордӣ дар Тоҷикистон боло рафт.
Охири моҳи август, ки гӯшт 38-40 сомонӣ нарх дошт, айни замон бо арзиши 52-55 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи як халта орд аз 170 сомонӣ ба 220 сомонӣ расид. Арзиши як литр шир дар Душанбе давоми ним сол 1,5 сомонӣ боло рафта, феълан 5 сомонист.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбн Рустами Эмомалӣ ба хотири таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ аз гӯшти хушсифату арзон супориши қатъӣ дода буд.
Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт
Бо супориши шаҳрдори Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе аз ширкатҳои Беларус — "Комбинати гӯшти Слонимск" ва "Комбинати гӯшти Слутск" ба ҷумҳурӣ 300 тонна гӯшти чорвои калон ворид менамояд.
Гуфта мешавад, айни замон ба пойтахт 20 тонна гӯшти гов оварда шуда, минбаъд низ марҳила ба марҳила воридоти он меафзояд.
Соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.
Соли 1900 дастаи футболи "Бавария" таъсис дода шуд.
Соли 1974 дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи "People" бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.
Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи гаравхона (ломбард)"-ро қабул намуд.
Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Рушди минтақаҳо" Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.
Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.
Соли 1933 - ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.
Соли 1941 - доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.
Соли 1963 – шоира Гули Зард
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.
Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.
Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.
Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.
Доварони сабқат пирӯзиро ба размикори бразилиягӣ доданд, ки ин боиси норозигии мухлисони Азам Ғаффоров шуд.
Нахуст низомиёни “Росгвардия” талош карданд, норозиёнро ором созанд ва сипас ба назди онҳо Абузайд Висмурадов, президенти бошгоҳи “Ахмат” омад. Ӯ ваъда дод, ки қазияро ҳал мекунанд.
Худи Азам Ғаффоров дар пайи сабқат дар суҳбат бо хабарнигорон аз тасмими доварон изҳори норозигӣ кард. Ӯ бо ишора ба рақибаш, ки ба зӯр аз майдон берун омада ҳаракат мекард, изҳор дошт, ки ин ҷо маълум буд, кӣ пирӯз гардид.
Ғаффоров таъкид кард, ки худро пирӯзи ин сабқат медонаду омода буд даври дигар ҳам зӯрозмоӣ кунад.
Феълан Ғаффорови 27-сола 11 пирӯзӣ ва ду бохт дорад. Ҳар ду шикаст ҳам бо қарори доварон дода шудааст.