ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, озмун барои ишғоли панҷ вазифа: мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (2ҷой), мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлилу тадқиқот (шартномавӣ) (2ҷой) ва мутахассиси дараҷаи I шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (шартномавӣ) (1 ҷой), эълом шудааст.
Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти панҷ ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ дар бонк ва донистани қонунгузории Тоҷикистон талаб мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 25 декабри соли 2019 мебошад.
Маълумоти бештарро дар бораи шартҳои озмун ва номгӯи ҳуҷҷатҳо дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи душанбе бо сабаби сардиҳои шадид дарсҳои хонандагони синфҳои якум то шашуми мактабҳои Саратов лағв карда шуданд, хабар медиҳад кумитаи маорифи ҳукумати шаҳр.
"Бо сабаби сард шудани ҳаво дар рӯзи 18 январ, дарсҳо барои хонандагони синфҳои якум то шашуми бастҳои якум ва дуюми Саратов бекор карда шуданд. Ҳайати омӯзгорон тибқи ҷадвал кор мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Муайян карда шудааст, ки агар дарсҳо дар мактабҳо бекор карда шаванд, истифодаи технологияҳои фосилавӣ, манбаҳои интернетии муассисаҳо, инчунин гузаронидани дарсҳои инфиродӣ ё гурӯҳӣ бо кӯдаконе, ки волидонашон бинобар шуғли онҳо наметавонистанд онҳоро дар хона гузоранд.
Пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии якбораи ҳаво дар охири январ: аз -35 дараҷа то -18
Тибқи иттилои ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар вилояти Саратов шаби душанбе дар баъзе ҷойҳо ҳарорат то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона то 15-20 дараҷа паст мешавад.
Айни замон дар Саратов дамои ҳаво 13 дараҷа хунук аст.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли таҳриршудаи филми машҳури "Дар хона танҳо" роҳ ёфт, ки лаҳзаи нақшофарии Доналд Трамп аз он ҷо қайчӣ шудааст.
due to popular request I have removed trump from home alone pic.twitter.com/HoTA2csMl4
— ᅟᅟᅟᅟᅟᅟᅟᅟ (@maxschramp) January 9, 2021
Дар шакли аслии ин филм, қаҳрамони асосӣ вориди меҳмонхонаи Plaza шуда, аз Доналд Трамп пурсон мешавад, ки ба миёнасарой чӣ гуна роҳ ёбад.
Ҳоло, дар шакли таҳриршудаи филм, Трампро аз кадр тоза ва овозаш низ пахш шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки Кевин бо одами ноаён сӯҳбат мекунад.
Худи қаҳрамони филм Маколей Калкин низ шакли навро дастгирӣ намуда, зери навори интишоршуда, "Офарин" навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Амрико пас аз эътирозҳо ва забти Капитолия аз ҷониби тарафдорони Трамп, мардум алайҳи ӯ ба шӯр хест.
Гузашта аз ин, Конгресс Доналд Трампро импечмент эълон кард.
Кишвардори феълӣ ҳарчанд яке аз номзадҳои калидӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар буд, аммо дар сабқат натавонист пирӯзӣ ба даст орад.
Трамп Кохи Сафедро субҳи рӯзи чаҳоршанбе тарк хоҳад кард
Ӯро Ҷо Байден бо ба даст овардани аксари орои мардум шикаст дод ва рӯзи 20 январ маросими савгандёдкунии ӯ баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар асоси маҷмӯи беморони вируси COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.