День 23 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 23 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

82
(Таҷдидшуда 22:28 20.12.2019)
Рӯзи бисту сеюми декабр дар Ҷопон –Рӯзи мавлуди император таҷлил мешавад, дар Шветсия бошад иди миллӣ- Рӯзи таваллуди Маликаи Силвия аст

Рӯзи 23 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.

Соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» таъсис  ёфт.

Соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 23 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи таърихи қарз" қабул карда шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 вохӯрии  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат баргузор гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо ҳамоиши 11–уми сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси ИДМ Форуми "Гуфтугӯи миллатҳо-гуфтугӯи тамаддунҳо" доир шуд.

Соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Даҳсолаи байналмилалии амал  "Об барои рушди устувор", 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ворид гардид.

Cоли 2016 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 декабр

  • Дар Ҷопон –Рӯзи мавлуди император.
  • Дар Шветсия иди миллӣ- Рӯзи таваллуди Маликаи Силвия.

Рӯзи 23 декабр кӣ ба дунё омадааст

Иоффе – Голубчик Гитлия (1900 – 1982) – доктори илми тиб, профессор.

Қаюм Комилов (1923-1998) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Николай Лесной (1910 – 1967) – шоир.

Усмон Маҳмадёров (1963) – доктори илми кишоварзӣ.

Маҳмуд Нурназаров Маҳмуд (1941-2006) – доктори илми география, профессор.

Пўлодов (1939) – доктори илми химия, профессор.

Нафасбек Раҳмонӣ (1953 – 1995) – шоир.

Ҷумъахон Сироҷов (1953) – актёри театр, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Геннадий Селютский (1937) – устоди рақс (балет), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Шаҳодат Тоҳирова (1929- 2009)- собиқадори матбуот, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

82
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон