ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар вохӯрии кормандони Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ,кормандони ВУД бо муҳассилини мактаб бобати терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он сӯҳбат намуданд.
Тирпарронӣ дар коллеҷи Благовешенск: донишҷӯй чор касро захмӣ карду худро кушт - видео
Гуфта мешавад, дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси маъмурияти китобхона ташкил карда шуд, омӯзгори калони ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ВКД, майори милитсия Шохрух Аҳёзода, омӯзгорони калони Академияи ВКД Бахтиёр Самизода ва Сафархон Вализода, намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Носир Фозилов иштирок намуданд.
Гузашта аз ин 60 нафар муҳассилини мактабҳои рақами 60, 4, 11, 19 шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнати Тоҷикистон бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани аҳолӣ дар 15 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил менамояд.
Гуфта шудааст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар доираи нақша – чорабиниҳои Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, роҳандозӣ карда мешавад.
“Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ роҳандозӣ гардида, аз оғоз то охири ҳафтаи равон чорабинии мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома меёбад”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ҳамадонӣ, Балҷувон санаи 19 январи соли 2021 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Дустӣ, Ҷайҳун, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин санаи 20 январи соли 2021 роҳандозӣ карда мешавад.
Гуфта шудааст, ки санаи 21 январи соли 2021 ярмарка дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Данғара идома ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод ва Бохтар чорабинии мазкур санаи 22 январи соли 2021 ташкил ва баргузор мегардад.
Дар ҳзамин ҳол, Вазорати меҳнат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар виляоти Хатлон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки барои дарёфти ҷойи кор ва ё барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтан, метавонанд дар ин ярмаркаҳо иштирок намоянд.
Соли 1903 дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.
Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.
Соли 2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.
Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.
Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.
Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.
Рӯзи 19 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1798 — файласуфи фаронсавӣ, асосгузори сотсиология Огюст Конт.
Соли 1809 — нависандаи амрикоӣ, шоир, намояндаи романтизм Эдгар По.
Соли 1813 — металлурги англис Генри Бессемер.
Соли 1851 — астрономи нидерландӣ Якобус Каптейн, ки теорияи гардиши галактикаҳоро исбот карда буд.
Соли 1865 — рассоми рус Валентин Серов.
Соли 1900 — шоири советӣ ва русиягӣ, муаллифи суруди "Катюша" Михаил Исаковский.
Соли 1974 — овозхони попи Русия Влад Сташевский.
Соли 1988 — ҳунарманди кино Алексей Воробьев.
Соли 1989 — размикори муҳорибаҳои омехта Дастин Поре.
Соли 1968 — рассоми советӣ Владимир Серов.
Соли 1971 — шоири советӣ Николай Рубтсов.
Соли 2007 — овозхони советӣ Мурат Носиров.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.
Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.