День 26 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 26 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

77
(Таҷдидшуда 21:19 26.12.2019)
Рӯзи бисту шашуми декабр дар Словения – Рӯзи истиқлолият ва муттаҳидӣ таҷлил мешавад. Дар Бритониёи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва Канада бошад, Рӯзи туҳфа мебошад

Рӯзи 26 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1949 Алберт Эйнштейн назарияи ҷозиба (назарияи умумии мутаносибӣ)-ро пешниҳод намуд.

Альберт Энштейн
Альберт Энштейн

Соли 1925 Ҳизби коммунистии Ҳиндустон таъсис  дода шуд.

Соли 1991 Парлумони Озарбойҷон ҳуруфоти забони озарбойҷониро аз кириллӣ ба лотинӣ иваз намуд.

Кубики с латинскими буквами
© CC0 / Pexels
Кубики с латинскими буквами

Соли 2017 истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Народный поэт Мирзо Турсунзода, архивное фото
Народный поэт Мирзо Турсунзода, архивное фото

Рӯзи 26 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода рафта, бо шароити зисту таълими онҳо шинос шуд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон, ки 28 декабр таҷлил карда мешавад,  табрик гуфт.

Соли 2016 Парлумони Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 баррасӣ кард.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 декабр

  • Дар Словения – Рӯзи истиқлолият ва муттаҳидӣ.
  • Рӯзи туҳфа дар Бритониёи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва Канада.

Рӯзи 26 декабр кӣ ба дунё омадааст

Вафобеки Шодибек (1935)- арбоби фарҳанг, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валериан Костин (1923) – доктори илми тиб, профессор.

Владимир Логвин (1928) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Неъматуллои Валӣ (1329 – 1431) – шоири форс – тоҷик.

Хушвахт Сатторов (1935-2006) – муаррих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Абдулло Тошев (1932-1989)- кинооператор.

Шавкат Халилов (1956) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Латиф Хоҷаев ( 1932) – доктори илмҳои физикаю математика.

Гулистон Ҳасанова (1922)– сароянда, раққоса.

Собир Шамсӣ (1926 – 1996) – мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Лев Явич (1919 – 2004) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Мао Сездун (1893-1976) раҳбари инқилоби сотсиалистӣ дар Чин.

Субҳон Ҷалилов (1977) – журналист, директори барномаҳои радиои “Ватан”.

77
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон