Дева

Толеъномаи дақиқ барои 28 декабр аз Турсуной Зокирова

420
(Таҷдидшуда 08:38 28.12.2019)
Ситорашинос ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила" толеъномаи дақиқро аз ситорашиноси номӣ Турсуной Зокирова мунташир кардааст.

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ худро ба даст гиред, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи бобарор аст. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз уҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш мешунавед, аз нафарҳои бароятон азиз хушхабар меояд. Ҳурмату эҳтироматонро атрофиён қадр мекунанд. Имкони дар муносибатҳои ошиқона рафъ намудани мушкилиҳоро пайдо месозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Аввали рӯз душвору серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонагон равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Нимаи дуюми ҳафта бобарор меояд. Баъзе зодагони мучали савр корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки барояш вақту нерӯи зиёд сарф карда буданд.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Ҳама гуна масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳаллу фасл намоед. Ҳар нофаҳмие, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дошта бошед, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагиву ранҷиш зиёд мегардад. Наздикон ба дастгириву меҳрубониятон ниёз доранд, кӯшиш намоед вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ намоед. Дар ин ҷода баъзе нақшаҳои худро тағйир дода метавонед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, бо дағаливу густохӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Аз нобарории корҳо руҳафтода нашуда, ба пеш амал намоед. Устуворӣ намуда, ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои муҳим созгор меояд. Аз нигоҳи зираки шумо хатогие намегузарад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Мушкилиҳои сарзадро бо табъи болида рафъ месозед. Ҳар душворие, ки пеш меояд, бобарор бартараф сохта метавонед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, хусусан агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Нимаи дуюми рӯз сафарҳои аҷиб ва вохӯрӣ бо нафарони ғайриоддӣ имконпазир аст. Кунҷкобии зотӣ имкон медиҳад, ки маълумоти даркориро ба даст биёред.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Яке аз зодагони мучали мизон ҷуръат надоранд, қисмати дигар амал кардан намехоҳанду мунтазири вазъияти мусоид меистанд, қисмати сеюм ба қувваи худ шубҳаи зиёд доранд. Таҷрибаи пештар андухтаатон фоидабахш мегардад. Ҳодисаҳоеро, ки чанде қабл аз сар гузаронида будед, бори дигар андешаронӣ намоед, он гоҳ ғалатҳои кардаи худро дубора такрор намекунед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксаран дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед, шуморо дастгирӣ мекунанд, хурсанд месозанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад мегузаронанд ва имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед. Нимаи дуюми рӯз ба садои қалби худ гӯш диҳед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк менамоед. Ҳатто нафарони танбал хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва изҳори муҳаббат имконпазир аст. Аксари зодагони мучали қавс аз дидор бо дӯстони дерин шод мегарданд.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Агар нақшаҳои бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанаш омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ намесозед. Вохӯриҳои кориву шахсиро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз барои суҳбатҳои бемаънӣ ва баҳсу мунозира созгор аст. Баъзе зодагони мучали ҷаддӣ сиру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки бароятон дӯст нестанд.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Баъзе зодагони мучали далв гапу коре мекунанд, ки баъдан пушаймон мешаванд. Хатогиҳои пешинаи худро такрор накунед. Аз таҷрибаи бегонаҳо истифода баред. Аз пурсидани маслиҳат аз нафароне, ки нисбаташон эътимод доред, шарм надоред. Нисбати наздикон ботаҳаммул бошед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Аввали рӯз осону аҷиб меояд. Хабару навигарҳои зиёд мешунавед, дар кори муҳиме муваффақ мегаред. Бо вуҷуди барор нагирифтани коратон руҳафтода намешавед, муътақид ҳастед, ки баъдан ба мақсад мерасед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад. Масъалаҳои муҳимро ба таъхир гузоред.

420
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, Тоҷикистон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

1386
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

1386
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Доллары в кармане, архивное фото

Қаллоби доғи судӣ дошта боз ба даст афтод: 7 ҳазор доллар гирифту ғайб зад

422
(Таҷдидшуда 13:46 25.05.2020)
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони пулис дар ноҳияи Мастчоҳ нафареро дастгир намуданд, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56 - солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

"Номбурда, санаи 1-уми майи соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 68 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор, даромада, аз ӯ 7 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

422
Барчаспҳо:
милитсия, боздошт, қаллоб
В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина

Паём аз "вируси корона": як бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз "илтиҳоби шуш" холӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:17 25.05.2020)
Ба ҳолати 25 - уми май яке аз ду бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар аз сироятёфтагони “илтиҳоби шуш” ё бемории “вируси корона” холи шуд

Душанбе, 25 май – Sputnik. Муродҷон Ҷураев, сартабиби ноҳияи бо исми Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-уми май гурӯҳи 11 нафараи беморон аз бемористони № 2 воқеъ дар ҷаомати Ёва и ноҳия мураххас рухсат шуданд ва ба ин ҳол, ин яке аз бемористонҳои лозим барои табобати гирифторони "илтиҳоби шуш" холӣ мондааст.

"Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ду беморхона яке дар ҷамоати Ёва барои беш аз 40 рахти хоб ва дуюми дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов дорои 100 кати беморӣ, барои муолиҷаи беморони “илтиҳоби шуш” омода карда шудаанд. Рӯзи 23 уми май 11 нафар аз бемористони ҷамоати Ёва ба манзилҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло дар он ягон гирифтори “илтиҳоби шуш” боқӣ намондааст", - гуфт сартабиб.

Бино ба иттилоъи Ҷураев, то рӯзи 23 уми май дар бемористонии № 2 и ҷамоати Ёва, беш аз 200 нафар аз шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи манобеи наздик ба Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 то ин замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 600 мавриди “илтиҳоби шуш” сапт шуда, бештар аз 550 нафар аз бемористонҳои ҷамоатҳои Ёва ва Ҳайдар Усмонов шифо ёфта, кам ё беш аз 5 нафар аз теъдоди шумори беморон фавтидаанд. Ҳоло ҳудуди 27 нафар дар бемористони воқеъ дар ҷаомати Ҳайдар Усмонов таҳти тадовии духтурон қарор доранд.

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ феълан аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дилбар Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зарфи ду се рӯзи охир ҳолатҳои гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” коҳиш ёфта ва ба ин далел ҳоло зарурати бистарӣ кардани беморон дар бемористони № 2 дар ҷамоати ноҳия боқӣ намондааст.

"Ин бемористон дар авҷи хуруҷ маризӣ, барои табобати маризии “вируси корона” тайёр карда шуд. Ҳоло, ки шиддати ин беморӣ поён шудааст, рӯзҳои наздик ин беморхона ба мисли пештара ба фаъолияти маъмулӣ баргардонида мешавад", - гуфт Турсунзода.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, ҳоло аз аввалин ноҳияҳое дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба гуфтаи масъулин бемористонаш аз тоза шудани гирифторони “вируси корона” муваффақ шудааст.

Чанде пеш ҳам баъзе дигар аз шаҳру навоҳии кишвар аз коҳишёбии гирифторони “илтиҳоби шуш” дар бемористонҳо хабар доданд. Аммо масъулин ва табибон таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегуянд, барои пурра нобуд шудани “вируси корона” нақши сокинон ҳам муҳим аст ва ин корро бо риояи гигенаи тиббӣ, ҳар яке метавонад ба иҷро расонад.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

"Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст", - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки имрӯз 25 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3100 нафар баробар шуда, то кунун 1395 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 46 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон