Табибон, акс аз бойгонӣ

Соҳибкор хатнасури беш аз 200 кӯдакро баргузор кард

103
Соҳибкори тоҷик бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Роғун хатнатӯйи беш аз 200 кӯдакро баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли нав соҳибкор дар шаҳри Роғун бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд, хабар додаст “Ховар”.

Манбаъ аз соҳибкор ном набурдааст, аммо аз қавли Абдулмумин Худойдодов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун хабар додаст, ки  “ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид”.

“Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатнаи кӯдакону наврасонро ба анҷом расонанд”, -омадааст дар иттилоия.  

“Ховар” зикр намудаст, ки хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад ва бузургон аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсонӣ ва суннати неки ҷавонмардиро дар осори худ васф кардаанд.

103
Барчаспҳо:
хатнасур, соҳибкор, Тоҷикистон
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

235
(Таҷдидшуда 16:23 17.09.2020)
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш мегӯяд, то ҳол ягон ваксина барои рафъи пурраи маризии коронавирус мавҷуд нест.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори Антониу Гутерреш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия "таҳдиди рақами аввал" аст.

Гутерреш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.

Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи  дастрас дошта бошанд. 

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз  коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.

235
Барчаспҳо:
назорат, маризӣ, Антониу Гутерреш
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Экс-президент президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото

Отамбоев 64 - сола шуд: ҳамсару ҷонибдоронаш ба муборакбодии ӯ рафтанд - навор

661
(Таҷдидшуда 14:40 17.09.2020)
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли дуюм солрӯзашро дар зиндон қайд мекунад. Ҳамсару пайвандон ва ҷонибдорони ӯ ҳарчанд ба муборакбодияш рафтанд, аммо ба ягон нафаре аз онҳо иҷозати мулоқот намудан ба Отамбоевро надоданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиса Отамбоева ҳамроҳ бо ҷонибдорони ҳамсараш - собиқ кишвардори Қирғизистон Алмосбек Отамбоев назди бинои КДАМ омаданд, то ӯро бо солрӯзаш табрик намоянд.

Отамбоев имрӯз 64 - сола шуд ва аллакай соли дуюм аст, ки мавлуди худро на дар ҳалқаи пайвандон, балки пушти панҷара қайд мекунад.

Ба изҳори Қундуз Жолдубоев собиқ мушовири Отамбоев, ба хонаводаи ӯ иҷозати мулоқот ва вохӯрӣ намуданро фароҳат наоварданд.

Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

"Ҳамсари Отамбоев хост ба ҳайси ҳадя ба ӯ китоб ва хӯроки идона диҳад, вале ба ӯ имкон надоданд, то бевосита ҳамроҳи шавҳари худ вохӯрӣ кунад", - афзудааст Жолдубоев.

Аз ин рӯ, ҷонибдорони собиқ кишвардор дар назди бинои КДАМ бо овезаҳо Алмосбек Отамбоевро дастаҷамъона табрик намуданд.

Ёдовар мешавем, Отамбоев ҳанӯз соли 2019 пас аз задухӯрди шадиди низомиёни давлатӣ ва ҷонибдорони ӯ боздошт шуд.

Отамбоев барои мусоидат кардан дар парвандаи Азиз Батукаев ва ба озодӣ баромадани ӯ, ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Гузашта аз ин, собиқ президентро дар ошӯби Кой - Тош низ муттаҳам медонанд.

661
Барчаспҳо:
рӯзи мавлуд, Алмосбек Отамбоев
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон