Рыбы

Толеъномаи дақиқ барои 1 январ аз Турсуной Зокирова

762
(Таҷдидшуда 14:00 01.01.2020)
Ситорашинос ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила" толеъномаи дақиқро аз ситорашиноси номӣ Турсуной Зокирова мунташир кардааст.

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ягона чизе, ки дар ин рӯз фикр кардан мехоҳед, ин муҳаббат аст. Диққати худро ба нафаре, ки дӯсташ медоред, равона созед ва ҳама гуна фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед. Аз ҳар кори ночиз асабонӣ шуда, табъи худу наздиконро вайрон насозед. Дар ин рӯз аз таҳти дил дилхушӣ намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз он ки касе аз ҳолатон намепурсад, руҳафтодаву дилмонда мегардед. Вақтҳои охир бо табъи гирифтаву одамгурезӣ атрофиёнро аз худ гурезон карда будед. Эҳтимол аз ҳамин сабаб касе кӯшиши ба шумо наздик шуданро намекунад. Ин давраи душвори умрро шумо бо қувваи худ рафъ сохта метавонед. Сабаби чунин ҳолати худро ҳатман муайян созед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Агар оиладор набошед, аз муҳаббати ногаҳоние, ки дар қалбатон ҷӯш мезанад ҳаловат баред. Нафарони оиладор ба ишқбозиҳои бемаънӣ машғул шуда, пушаймон мешаванд. Дар ин рӯз сарфакор бошед, пули зиёд сарф накунед. Нисбати саломатӣ ботаваҷҷуҳ бошед, бештар витамин истеъмол намуда, истироҳати бофароғат намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нерӯятон дар ин рӯз зиёд мегардад. Нафаре пайдо мешавад, ки зиндагии шуморо беҳтар сохтан мехоҳад. Барои он ки фазои оилаатон тинҷу осуда бошад, то кадом андоза бароятон азиз будани наздиконро собит карданатон лозим аст. Дӯстону шиносони нав дар пайдо кардани ҷои нави корӣ кумак мерасонанд. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Аз баррасӣ намудани мушкилиҳое, ки ба шумо рабт доранд, худро канор нагиред. Мушкилиҳои оилавиро маҳз дар ҳамин рӯз рафъ карданатон лозим аст. Айни замон аз касе қарз нагиред. Бо наздикони худ муноқиша накунед. Серҳаракатӣ хуб аст, вале аз ҳад нагузаронед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Хурдагирии аз ҳад зиёд дар ин рӯз сабабгори он мегардад, ки бахтатон аз таги биниятон гузашта меравад. Муносибатҳои хешу табориро мустаҳкам созед, вале онҳоро ба зиндагии худ ворид насозед. Эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз натиҷаи заҳмати дарозмуддати худро мебинед. Аз инфексияҳо худро ҳимоя кунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Агар шумо муҳаббати худро меҷуста бошед, бодиққат бошед. Бахти шумо дар таги биниятон аст. Наздикон аз шумо ғамхориву меҳрубониро интизоранд. Баъзе нафароне, ки бо шумо ҳамкорӣ мекунанд, аз дилсӯзиятон истифода бурдан мехоҳанд. Агар нияти қарз гирифтанро дошта бошед, бурд мекунед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Саргузаштҳои ошиқона мехоста бошед, сару либоси худро нав кунед. Дар ин рӯз меҳмон қабул кардан тавсия дода намешавад, эҳтимол аз ҳузури эшон табъатон хира мегардад. Дар пеш хароҷоти калон доред. Пулро барои саломатӣ ва ҳаёти шахсӣ сарф карданатон лозим меояд. Аз худтабобаткунӣ худдорӣ намоед, вагарна зарар мебинед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Ба нафарони муҷарраде, ки нияти оиладор шуданро доранд, саросема шуданро маслиҳат намедиҳем. Дӯстатон дар кори нозуке шуморо масъул намудан мехоҳад. Агар то ҳанӯз рухсатӣ нагирифта бошед, дар ин рӯзҳо ҳатман аризаи худро нависед. Хастагии аз ҳад зиёд ба саломатиятон бе таъсир намемонад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Агар дар масъалаҳои молиявӣ бурд накунед, дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Тамоми корҳои имрӯзаатон бо пул алоқамандӣ дорад. Қарзҳои худро баргардонида, боз пул мекобед. Сарчашмаи нави даромади пулӣ меҷӯед, ба наздикони худ кӯмак мерасонед. Кӯшиш намоед, ки ишқбозиҳоятон ба муҳаббаи ҷигарсӯз мубаддал нагардед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Сафари кутоҳмуддат боиси болидаруҳӣ мегардад. Дар ҷои кор нофаҳмиҳо имконпазир аст, ғалату иштибоҳи худро ба гардан гиред. Бо коре, ки боиси фишор дидани дилатон мегардад, машғул нагардед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Эҳтимоли пайдо намудани бахти худро доред. Ҳамсафари ҳаётиро вомехӯред, ки ҳар рӯз аз он ҷо дидан менамоед. Шуморо вохӯрӣ бо нафаре интизор аст, ки пешравии касбу коратон аз эшон вобастагӣ дорад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт бошед.

762
Барчаспҳо:
Турсуной Зокирова, Ҷаҳон, Тоҷикистон