Кӯдакистони рақами яки шаҳри Хоруғ соҳиби бинои дуошёна гардид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие частного дошкольного образовательного учреждения "Файзбахш" в Джаббор Расуловском районе
Открытие частного дошкольного образовательного учреждения Файзбахш в Джаббор Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 100 ҷой барои кӯдакон буда, бо маблағгузории Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо харҷи беш аз 4,2 миллион сомонӣ дар зарфи се сол сохта шуд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлол, дар шаҳри Хоруғ як кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар меҳмонон ширкат намудаанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раҳбарияти вилоят, кӯдакистон аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо»-и ноҳияи Шуғнон сохт шуда, дар бунёди он 35 нафар сокинони маҳаллӣ саҳм гузоштаанд.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ ифтитоҳ шуд

Мудири шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шероз Абдуллоев гуфтааст, ки бинои кӯҳнаи кӯдакистони рақами якуми шаҳри Хоруғро  охири солҳои 50-уми асри гузашта сохта буданд ва он барои таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ шуда буд.

Ҳоло дар ин ҷо 220 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Бинобар ин  бо хоҳиши волидайн дар паҳлӯи он бинои нави дорои тамоми шароити замонавӣ сохта шуд. Дар ин кӯдакистон  20 нафар фаъолият мекунанд, ки даҳ нафарашон мураббӣ мебошанд.

"Бино дорои 24 ҳуҷраи кушоду барҳаво буда, дар таҳхонаи он маҳсулот ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ошёнаи аввал ҳамчунин  толори зебои  фарҳангӣ, ошхона барои кормандон ва бунгоҳи тиббӣ ҷой дода шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Фармоишгари ин иншоот  шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Зимни боздид Ёдгор Файзов изҳори  миннатдории худро ба Эмомалӣ Раҳмон  баён намуда, аз мураббиёну кормандони техникии  кӯдакистон даъват кардааст, ки пайваста донишу ҷаҳонбинии худро такмил дода,  барномаҳои таълимю фароғатии худро бо истифода аз чунин шароити мусоид  боз ҳам баландтар бардоранд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов,  "дар ҳудуди шаҳри Хоруғ  шаш кӯдакистон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш  аз ҳазор нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар 18 маркази рушди барвақтии кӯдакон қариб 100 кӯдак таълиму тарбия гирифта, 70 нафар мураббияҳо ба омӯзиши ин кӯдакон машғуланд.  Ҳанӯз ҳам талабот нисбат ба биноҳои замонавӣ зиёд аст ва умедворем, ки бо кумаку дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ батадриҷ ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад".

Лентаи хабарҳо
0