Ҷашнҳои рӯзи 6 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 6 января
День 6 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 1943 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳайати шахсии  Артиши Шӯравӣ рутба ҷорӣ карда шуда, соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" оғоз гардид

Рӯзи 6 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1912 Ню- Мехико 47-умин иёлоти Амрико гардид.

Соли 1916 дар Англия хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд.

День 30 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1941 дар ИМА президенти вақт Рузвелт ба конгресс Қонун дар бораи Ленд-Лизингро равон кард, ки он ба президент ҳуқуқи фурӯхтан, ба қарз додан ва ё ба иҷора додани техника ва таҷҳизоти ҳарбиро  ба давлатҳое, ки аз нуқтаи назари ИМА мудофиаи онҳо зарур аст, медод.

Соли 1993 Президенти вақти Перу Алберто Фухимори аз нав шакли идораи конститутсионии давлатро ҷорӣ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид.

Рӯзи 6 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1943 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳайати шахсии  Артиши Шӯравӣ рутба ҷорӣ карда шуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" оғоз гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) чаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани  муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

День 28 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 28 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо супориши Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ  ба вилояти Суғд рафта, дар онҷо бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят мулоқот намуд ва масъалаҳои убури ғайриқонунӣ, мубориза бо  чиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои соҳаро баррасӣ кард.

Рӯзи 6 январ кӣ ба дунё омадааст

Абумудассир Аҳмадзода (1954)- публисист.

Муъминҷон Ашӯров (1911 - 1994) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мукаррама Камолова (1937 - 1994) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳайдар Карим (1961)- шоир ва нависандаи руснигори тоҷик.

Павел Клубков (1949) – доктори илми филологӣ, профессор.

Николай Колягин (1926-1997)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Анвар Маҳмадназаров (1948) – доктори илми санъатшиносӣ.

Раҳматҷон Охунов (1945) – доктори илми химия, профессор.

Лариса Трубникова (1940) – доктори илми тиб, профессор.

Неъматулло Усмонов (1929-2013) – доктори илми тиб, профессор, академики АФ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикисон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Шарифи Мирсайзод (1966)- шоир.

Фотима Шарифова (1935)- арбобзани ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0