Ахмадзода в городе Шуроб

Аҳмадзода гуфт, Ҳукумат мушкилоти беобии сокинони Шӯробро ҳал мекунад

126
(Таҷдидшуда 12:56 10.01.2020)
Ба далели набуди оби нӯшокӣ, то имрӯз аҳолии шаҳраки Шӯроб аз 15000 то 3000 кам шудааст. Имрӯзҳо аҳолӣ обро тавассути нақлиёт мехаранд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Раиси вилояти Суғд, рӯзи 8 январ бо сокинони шаҳраки Шӯроб мулоқот карда, хабар додааст, ки барои таъмин намудани шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаи махсус татбиқ хоҳад шуд. 

Аҳмадзода гуфтааст, то татбиқи ин лоиҳа ба сокинони шаҳрак ба таври ройгон об дастрас карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти шаҳр дастур додааст, ки ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро таҳлил намуда, барои барқарорсозии инфрасохтор тадбирҳои зарурӣ андешида шавад, менависад мақомоти вилояти Суғд.

Дар назди масъулин инчунин барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун  гардонидани истеҳсоли ангишт вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.

Сокинони шаҳраки Шӯроб ба раиси вилоят пешниҳод кардаанд, ки роҳи мошингарди "Шӯроб-Чоркуҳ" таъмиру барқарор карда шавад.

Ширкати олмонӣ ба таҷдиди кони "Шӯроб" кӯмак мекунад

Раиси вилоят пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ арзёбӣ карда, зикр сохтааст, ки соли равон роҳи мазкур таъмир ва мушкили сокинон бартараф хоҳад шуд.

Раиси вилоят дар идомаи боздиди корӣ бо фаъолияти интернати шаҳраки Шӯроб, беморхона ва кони ангишти Шӯроб ошно шудааст.

126
Барчаспҳо:
Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб", Шӯроб, Суғд, Тоҷикистон