Марде дар шаҳри Қошғари Чин, акс аз бойгонӣ

Афзоиши дарозумрӣ дар Чин: шаҳре бо садҳо сокини садсола

220
(Таҷдидшуда 17:52 11.01.2020)
Кумитаи давлатии умури беҳдошти Чин хабар додааст, ки синни миёнаи чиниҳо дар даҳсолаи охир ҳудуди ду сол афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Аз ҷумлаи шаҳрҳои Чин, ки бо сокинони дарозумри худ машҳур аст, шаҳри Жугаои устони Сзянсу мебошад.

Шаҳри мазкур  беш аз 500 нафар сокини синнаш аз 100 боло дорад, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз Синхуа.

Манбаъ афзуд, дар ҳоли 1 январи соли 2020 шумори мардуми ин шаҳр 1,42 миллион нафар буд. Дар шаҳр 16 нафар, ки синнашон аз 105 боло аст, зиндагӣ мекунанд.

Пиронсолтарин сокини шаҳр 110 сол дорад, навиштааст хабаргузорӣ. Манбаъ яке аз омилҳои дарозумрии сокинони ин шаҳрро шароити хуби муҳити зист арзёбӣ кардаст.

Бар асоси додаҳои кумитаи давлатии умури беҳдошти Чин, дарозумрии миёнаи чиниҳо аз 74,8 сол дар 2010 то 76,7 сол дар 2017 афзойиш ёфтааст.

220
Барчаспҳо:
афзоиш, дар бораи дарозумрӣ, Чин