День 12 января

Ҷашнҳои рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

69
(Таҷдидшуда 14:38 13.01.2020)
Рӯзи дувоздаҳуми январ дар Русия — Рӯзи прокуратура, дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибарӣ, дар Туркманистон – Рӯзи хотирот ва дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон таҷлил мешавад

Рӯзи 12 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1951 Конвенсия дар бораи огоҳ намудани ҷиноятҳои генотсидӣ (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  ва ҷазо ба он, ки Ассамблеяи Генералии СММ 9 декабри соли 1948 қабул намуд, ба ҳукми амал даромад.

День 10 января
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1953 Ассамблеяи миллии Югославия Конститутсияи нав қабул намуд.

Соли 1953 дар Эдмонтон (Канада) биржаи пулӣ кушода шуд.

Соли 1999 барои нархи  тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд — он дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.

Соли 2012 Ассотсиатсияи «Клуби иқтисодии олимони Авруосиё» дар сомонаи www.group-global.org шабакаи зеҳниро дар қолаби сомонаи муоширатии G-Global фаъол намуд.

Соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид. Маросими супоридани ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2015» ҳангоми шабнишинии калон дар шаҳри Сюрихи  Швейтсария баргузор гардид.

Рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 — Дар дарёи Варзоб аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуд.

Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото
© Sputnik
Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото

Соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Соли  2009 ВАО хабар доданд, ки бино ба маълумоти расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 470 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.

Соли 2010 — Дар Тоҷикистон Иттифоқи нашриёти мустақил таъсис дода шуд.

Ҳодисаҳои фавқуллодаи 12 январ дар ҷаҳон

Соли 2010 соати 16:53 бо вақти маҳаллӣ заминларзаи шадид бо қувваи 7 бал ҷазираи Ҳоитиро ларзонд. Баъди ин боз чандин такони дигаре ҳам дар минтақа ба қайд гирифта шуд, ки 15 ҳодисаи он бо қувваи 5 балл буд:

  • 222 570 нафар ҷон бохтанд
  • 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд
  • 869 нафар бенишон гум шуданд
  • Ба кишвар 5,6 миллиард евро зарар овард.

Дар пойттахти Ҳоитӣ шаҳри Порт-о-Пренс ҳазорон хона вайрон шуд, амалан ҳамаи бемористонҳо он ба хок яксон шуданд.

Кохи миллӣ, бино Вазорати молия, Вазорати корҳои ҷамъиятӣ, вазораи алоқа ва фарҳанг хароб шуданд. Пойтахти ин кишвар бар асари заминларза комилан харобу валангор гашт. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин 49 корманди СММ, ки дар Ҳоитӣ фаъолият доштанд, кушта шуданд.

Бино ба гузориши расмӣ охирин заминларзаи шадид дар ин кишвар соли 1751 рух дода буд.

Ҳодисаҳои фавқуллодаи 12 январ дар Тоҷикистон

Соли 2017, дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод.

Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе  ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд. 

Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 январ

  • Дар Русия — Рӯзи прокуратура.
  • Дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибарӣ.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи хотирот.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон.

Рӯзи 12 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1947 — Бобохонов Бобоҷон, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, аз соли 2010 дар нафақа аст.

Рӯзи 12 январ кӣ даргузашт

Соли 2009 — Ҷумъабой Ниёзов муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов.

69
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон