Обновление дорог на территории поселка Яван

Соҳибкорони Балҷувон ба корҳои соҳилбандӣ ва роҳсозӣ ҷалб гардиданд

129
(Таҷдидшуда 10:00 12.01.2020)
Соҳибкорон инчунин тасмим гирифтаанд, ки 8 километр роҳи ин мавзеъро,  шурӯъ аз маркази деҳаи Сари мазор то ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш намоянд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон масъулин бо мақсади  пешгирӣ аз офатҳои табиӣ  ба корҳои соҳилбандӣ ҳанӯз  аз  фасли тобистон  шурӯъ карда,    мақсад доранд, ки  то оғози  боронҳои сели баҳорӣ онро ба анҷом расонанд.

Мавриди зикр аст, ки  дарёи Сурхоб аз маркази ноҳияи Балҷувон мегузарад ва дар фасли баҳор,  дар натиҷаи бориши барфу боронҳои зиёд серобу маҷрояш баланд гардида,   соҳилҳои он рахна меёбанд, ки дар натиҷа   ба хоҷагии халқи ноҳия ҳисороти зиёд  мерасонад.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, баҳри пешгирӣ аз рахнашавии соҳилҳо шурӯъ аз моҳи июни соли гузашта  дар ду паҳлӯи ин дарё корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.

Айни замон барои соҳилбандии канори рости дарё дар маркази ноҳия бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент  Ҷамияти дорои масъулияташ махдуди «Тоҷикроҳсоз» бо ҷалби техникаи зарурӣ ва мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро идома медиҳанд.

Соҳилбандӣ аз рӯи лоиҳа ҷавобгӯ ба талабот ва меъёрҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷараёни  корро  роҳбарияти ноҳия ва дигар сохторҳои масъул пайваста назорат мебаранд. Ҷамъияти  «Тоҷикроҳсоз» дар ин мавзеъ мебояд 1200 метри соҳилро тариқи оҳану бетон мустаҳкам намояд ва корҳо то оғози боронҳои сели баҳори анҷом дода шаванд.

Дар дигар мавзеъҳои ноҳия  низ корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон  соҳибкорони маҳаллиро низ ҷалб кардааст.

Дар назди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия  соҳибкорони маҳаллӣ мақсад гузоштаанд, ки соҳили дарёро дар масофаи беш аз 750 метр мустаҳкам намоянд. Дар ин мавзеъ ҳамасола рахнашавии соҳил роҳи сокинони 6 деҳаро  вайрон мекард, ки рафтуомади онҳоро  ба маркази ноҳия мушкил мегардонид. Ҳоло 12 адад техникаи пуриқтидор дар кашонидани сангу шағал ва баланд бардоштани соҳил машғули коранд. Рӯзҳои наздик тариқи ҳашар симтурбандиро оғоз менамоянд.

Тавре сокини ноҳияи Балҷувон Шариф Исоев иттилоъ дод, соҳибкорон инчунин тасмим гирифтаанд, ки 8 километр роҳи ин мавзеъро,  шурӯъ аз маркази деҳаи Сари мазор то ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш намоянд. Ба ин мақсад аллакай роҳро васеъ ва тахту ҳамвор карда, сангфарш намудаанд. Дар чанд мавзеи роҳ кубурҳои обгузар насб карда, аз моҳи июли соли 2020 ба мумфарш кардани он  шурӯъ менамоянд.

Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур рафтуомади  сокинони шаш деҳаи ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоевро дар ҳама фасли сол ба маркази ноҳия таъмин менамояд.

129
Барчаспҳо:
соҳибкорон, Тоҷикистон, Балҷувон