Весы

Толеъномаи дақиқ барои 12 январ аз Турсуной Зокирова

618
(Таҷдидшуда 10:16 12.01.2020)
Ситорашинос ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила" толеъномаи дақиқро аз ситорашиноси номӣ Турсуной Зокирова мунташир кардааст.

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст, хусусан барои нафароне, ки фаъолияташон бо кори савдо, сафар ва робитаҳои шахсӣ алоқамандӣ дорад. Маҳдуд гаштани имкониятҳои худро эҳсос намуда, дар баён намудани фикру андеша душворӣ мекашед. Барои омӯзиш рӯзи мусоид нест, зимни сафарҳо монеаҳо пеш меоянд.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз барои тағйиротҳое, ки ба касбу коратон алоқамандӣ дорад, мусоид нест. Ҷоӣ намудани усулҳои нав танҳо хароҷот ва мушкилот меорад. Ҷустуҷӯи сарчашмаи нави даромад ё иваз намудани ҷодаи фаъолият беҳуда ва амали бе андеша аст. Вазъи молиявиатон аз нафарони дигар сахт вобастагӣ дорад.

#6113453
© Sputnik / Константин Михальчевский

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи душвор аст, бемориҳо аз худ дарак дода, ҳолати руҳиятон низ чандон хуб нест. Диққати хосаро ба узвҳои пешоброн равона намоед, эҳтимоли сар задани бемориҳои гурда, бемориҳои сироятӣ ва ҷароҳат бардоштан зиёд аст. Аз ҷароҳат бардоштани устухонҳо ва мавзеи миён эҳтиёт шавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо вуҷуди душвориҳо рӯзи бобарор аст. Барои он ки бемор нашаведу ҷароҳат набардоред, аз шумо эҳтиёткорӣ талаб карда мешавад. Барои аксари зодагони мучали саратон хеле душвор аст, саломатиро хуб нигоҳ доштан, хусусан ҷигар ё асаби сурин осеб дида метавонад. Аз руҳафтодагиву фикру андешаҳои мағшуш нерӯятон кам мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Диққати аксари зодагони мучали асад ба муносибатҳои ошиқона равона мегарданд. Рӯзи хубест барои пайдо намудани муҳаббати асил. Мутаассифона, дар ин ҷода дучори монеаҳо мегардед. Нафароне, ки бахти худро аллакай пайдо намудаанд, дар муносибатҳои худ дилсардӣ ва хафагиро эҳсос мекунанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, фишори руҳиро бо осонӣ рафъ карда, нерӯи аз даст додаро барқарор карданатон лозим аст. Асаб ва рӯдаи ғафс дар ҳолати хатар қарор доранд. Аз сигоркашӣ худдорӣ намуда, дар утоқҳои гарм дурудароз қарор нагиред. Дар ин рӯз машқи бадан фоидабахш аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз чунон танбал мешавед, ки аз уҳдаи корҳои худ ва масъалаҳои муҳим баромада наметавонед. Сари вақт ин корҳоро ба дӯши нафари дигаре бор кунед. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, баъзе нишонаҳои бемориҳоро аз эътибор дур насозед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз танҳо монданро тавсия намедиҳем, вагарна фикру андешаҳои мағшуш ба саратон роҳ меёбад. Вақти худро бо дӯстон, ҳамкорон ва оила гузаронед. Ба ҳар коре, ки бо пул алоқамандӣ дорад, боэҳтиёт амал намоед. Ба ҳар гуна пешниҳодҳои шубҳанок розӣ нашавед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Ҳар мушкиле, ки пайдо мешавад, бо қувваи худ рафъ сохта метавонед. Дӯстдоштаатон бе кӯмаку дастгирии шумо наметавонад. Бо варзиш машғул шавед. Маслиҳати мазкур барои нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, судманд аст.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Нисбати уҳдадориҳои касбу кор хеле бодиққат буданатон лозим аст. Мулоқоти ошиқона ё рафтори ноҷои дӯстдоштаатон сабаби дилмондагӣ мегардад. Муноқишаи сарзадаро танҳо тавассути суҳбати ошкорову самимӣ рафъ карда метавонед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба хотири солимии ҷигар аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед. Ба ғайр аз беморӣ ва ҷароҳатҳо фикру андешаҳои мағшуш, одатҳои бад ва асабоният низ ҳолатонро табоҳ месозад. Эҳтимоли азоби бехобӣ кашиданатон зиёд аст.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рӯз ба касе бовар накунед, ҳатто ба нафароне, ки хеле хуб мешиносед. Аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурда метавонанд. Дар муносибатҳои ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Аз муҳлат истифода бурда, боварӣ ва эътимоди дӯстдоштаи худро ба даст биёред.

618
Барчаспҳо:
Турсуной Зокирова, пешгӯӣ
Такси в Душанбе

Ҷаримабандии ронандаи ширкати "Olu4a Taxi": ҷавондухтари велоспедронро таҳқир кард

686
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаримандӣ шудани ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" хабар медиҳад, ки ҷавондухтари велосипедронро мавриди таҳқир қарор додааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси шикояти як ҷавондухтар ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" - ро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани  расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз кормандони милитсия хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

"Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Зимнан, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Нисбати Самадов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.

686
Барчаспҳо:
такси, ронанда, ҷарима
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

4697
(Таҷдидшуда 17:27 27.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегарданд.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе шаҳру навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешаванд.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйину пардохт мешаванд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл кумакпулиҳо барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

4697
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон

Хуросоне, ки ғарқи об шуд: навори кӯмак ба сокинони ҷабрдидаи ноҳия

0
Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар Хуросонро бартараф мекунанд. Мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба сокинони ҷабрдида дасти ёрӣ дароз кардаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вазъ дар Хуросон баъди як ҳафтаи омадани сели калон дар ноҳия пайдо шуд.

Дар наворе, ки аз баландӣ гирифтаанд, дида мешавад, ки садҳо манзили сокинон то ҳол зери об мондааст.
Дарахтон, биноҳо ва манзилҳо ҳама зери лойқаанд.

Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар ноҳияро бартараф мекунанд.  Бештар аз 260 хона дар ноҳия пурра корношоям шудаанд. 

Сокинон дар навор нақл мекунанд, ки аз ҷониби мақомот ба онҳо кӯмак мерасад.

Хаймаҳои муваққатӣ рост карда шуда, озуқаворӣ - орд, равған, гӯшт, оби ошомиданӣ,  либос, дору ва дигар лавозимоти эҳтиёҷи аввал дастрас карда мешаванд.

Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод

Пештар барои сокинон қитъаи замин низ тақсим карда шуда буд. Афзун бар ин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.

0