Флаг Кыргызской Республики, архивное фото

Бештар аз 8 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтанд

1370
(Таҷдидшуда 22:33 16.01.2020)
Дар панҷ соли охир бештар аз 8 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Тоҷикистониён дар соли 2019 аз ҳисоби дархости шаҳрвандии Қирғизистон рекорд гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар панҷ соли охир шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Русия дархости шаҳрвандии Қирғизистон шуданд, гузориш медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Бино бар иттилои Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон, узбакистониён аз ҳисоби дархости шаҳрвандӣ дар Қирғизистон ҷои аввалро мегиранд, дар панҷ соли охир бештар аз 12 ҳазор шаҳрванди ин кишвар шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардаанд.

Тоҷикистониён низ дар соли 2019 аз ҳисоби дархости шаҳрвандии Қирғизистон рекорд гузоштаанд. Дар даҳ моҳи охир шаҳрвандии Қирғизистонро 1219 тоҷик ба даст овардааст. Ҳамагӣ дар панҷ сол бошад, 8 ҳазору 286 тоҷик шаҳрванди Қирғизистон шудаанд.

Фармони додани шаҳрвандиро президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба имзо мерасонад. Ӯ бори охир чунин ҳуҷҷатро моҳи декбари соли гузашта имзо кардааст.

Оё бо сода гардидани дарёфти шаҳрвандии Русия, вуруди муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад?

"Аз соли 2015 шаҳрвандии Қирғизистонро бештар аз 22 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба даст оварданд, ки 82 дар садашон қирғизҳои этникӣ мебошанд", - қайд карда мешавад дар гузориш.

Дар якуним моҳи охир 1,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Қирғизистон дархости шаҳрвандӣ карда, 978 нафарашон онро ба даст овардаанд. Ба дархости 493 нафар Қирғизистон рад кардааст.

1370