Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров

"Худо раҳмат кунад": ҳамдардии Рамазон Қодиров бо Шавкат Мирзиёев

8459
(Таҷдидшуда 18:26 21.01.2020)
Дар паи сӯхтори мудҳиш дар шаҳри Томски Федератсияи Русия, рӯзи 21 январ 10 шаҳрванди Узбакистон ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар ин росто, ба президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев изҳори ҳамдардӣ кард.

Бар асари сӯхтор дар деҳаи Причулимски минтақаи Асиновски вилояти Томски Русия, 11 нафар: 10 шаҳрванди Узбакистон ва 1 шаҳрванди Русия ба ҳалокат расид.

Навори сӯхтори мудҳиш дар Томск: шаҳрвандони Узбакистон ҷон бохтанд - видео

Сӯхтор дар як бинои як ошёнагии чӯбин сар задааст.

"Дар Томск фоҷиа рух дод. Дар паи сӯхтор даҳ шаҳрванди Узбакистон ҷон бохт. Ба президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва аҳли хонаводаи қурбониён таслият изҳор менамоям! Худо раҳмат кунад", - навиштааст Рамазон Қодиров дар шабакаи Telegram.

Қодиров қайд кардааст, ки ҳодисаи ҳузнангез дар шаҳри Томск барои наздикони қурбониён фоҷиаи бузург аст.

Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия

Бино ба маълумоти пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор кори гармкунак ҳангоми шаб будааст.

8459
Барчаспҳо:
Узбакистон, Рамазон Қодиров, Шавкат Мирзиёев
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото

Ғорати дӯкони заргарӣ дар Душанбе: гумонбар дастгир шуд

134
(Таҷдидшуда 18:16 03.06.2020)
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ дар дӯкони заргарӣ дар Душанбе хабар медиҳад. Мақомот ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

"Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

134
Душанбе, архивное фото

Борони суст: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

310
(Таҷдидшуда 11:35 03.06.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти борон пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

310
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Боду ҳаво, Тоҷикистон
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон