Задержание ФСБ

Телефондуздӣ дар маркази Душанбе: баъди маҳкум шудан, боз ғоратгарӣ кард

105
(Таҷдидшуда 20:21 29.01.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне гузориш медиҳад, ки пеш бо моддаҳои 248, 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шу

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне дар пойтахт гузориш медиҳад, ки пештар бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст.

Ин дафъа ҷавон дар маркази Душанбе рӯирост даст ба ғоратгарӣ задааст.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза зани 21-солаи сокини кӯчаи Толстойи пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа, дар кӯчаи Борбад шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ5”, ки арзишаш 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар иттилои ВУД.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи П.Сулаймонии шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Тибқи моддаи 248 (Ғоратгарӣ) муҷрим аз се сол то панҷ сол равонаи зиндон мегардад.

 

105
День 27 февраля нац

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

74
(Таҷдидшуда 22:02 27.02.2021)
Рӯзи бисту ҳафтуми феврал дар Русия аз Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус ҷашнг гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Доминикан истиқлолияти худро эълон намудаст

Рӯзи 27 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.

Соли  1900 дастаи футболи "Бавария" таъсис дода шуд.

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи "People" бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

Рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан
© Sputnik Амир Исаев
Эмблема Центральной избирательной комиссии Республики Таджикистан

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи гаравхона (ломбард)"-ро қабул намуд.

День 25 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Рушди минтақаҳо" Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал

  • Дар Русия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

Рӯзи 27 феврал кӣ ба дунё омадааст

Соли 1933 - ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.

Соли 1941 - доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.

Соли 1963 – шоира Гули Зард

74
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Пункт пропуска на границе, архивное фото

Мулоқоти маҷозии Нозирӣ бо Арзиев: марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад?

2491
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни як конфронси видеоӣ ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.

Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.

Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.

Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.

2491
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
 Врач разговаривает с пациентом

Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид

0
(Таҷдидшуда 10:52 28.02.2021)
Узбакистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мактаб барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Бемористони сохти Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омодаи пазириши беморон, аз ҷумла афроди мубтало ба Ковиди 19 шуд.

Сохти ин бемористон соли 2018 бо ҳазинаи ҳукумати Узбакистон оғоз шуда буд.

Ин бемористон 200 тахти хоби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхиси вируси корона мебошад, ки дар Тоҷикистон беназир аст.

Ин таҷҳизот дар кӯтоҳтарин замони мумкин беморони мубтало ба вируси коронаро мушаххас мекунад.

Ӯзбекистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мадраса барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба Тоҷикистон низ бояд як мактаб барои 640 донишомӯз дар вилояти Самарқанд ва як боғчаи бачагон дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бисозад, ки ба далели густариши вируси корона ин ду нақша ҳанӯз такмил нашудааст.

0