Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 5 февраля
День 5 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи панҷуми феврал Рӯзи байналмилалии интернети бехатар буда, Рӯзи Конститутсия дар Мексика, Рӯзи ваҳдати миллии Покистон бо Кашмир, Рӯзи парчам дар Финландия ва Рӯзи президент дар Конго мебошад

Рӯзи 5 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар ИМА арифмометр  ихтироъ карда шуд.

Соли 1947 Фармони раҳбари Шӯрои Олии ИҶШС дар бораи таъсиси унвони "Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон".

Соли 1979 Оятулло Ҳумайнӣ Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард.

© AP / CampionАятолла Рухолла Хомейни
Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Аятолла Рухолла Хомейни

 Соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.

Соли 1919  дар Олмон миёни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.

День 4 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 Вазири вақти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии вақти Бонки чаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюм "Оид ба таъмини  созмонҳои шуғли ҷамъиятӣ дар ҳадафҳои идоракунии устувори хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон" — ро имзо кард.

Соли 2013 аҳолии Тоҷикистон мувофиқи барӯйхатгирии соли 2013, 8000700 нафарро ташкил намуд, ки 79,9 дарсади онҳо тоҷик, 15 дарсад узбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотор ва ғайра мебошад.

Соли 2014 дар шаҳри Исфара гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 бо супориши Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

Соли 2015 Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.

Соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

Соли 2018 Ҷоми заррини Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2018 ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд.

© Национальное информационное агентство Таджикистана «Ховар»Рустам Эмомали демонстрирует кубок чемпионата мира по футболу в Таджикистане
Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомали демонстрирует кубок чемпионата мира по футболу в Таджикистане

Соли 2018 дар Душанбе 36 истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2019 Раҳмон бо Лавров муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард.

Соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои амру фармонҳо як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал

  • Рӯзи байналмилалии интернети бехатар.
  • Рӯзи Конститутсия дар Мексика.
  • Рӯзи ваҳдати миллии Покистон бо Кашмир.
  • Рӯзи парчам дар Финландия.
  • Рӯзи президент дар Конго.

Рӯзи 5 феврал кӣ ба дунё омадааст

Бихадичаи Аҳмад (1968)- нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.

Искандар Қаландаров (1936- 2010)- арбоби ҳизбӣ, Корманди шоиста маданияти Тоҷикистон.

Қудратшоҳи Одина (1950) - шоир.

Сафаралӣ Қурбонов (1947) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Шоистаи ҷумҳурӣ.

Мавлониддин Пўлодов (1948)- нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Имомалӣ Раҳмонов (1969)- устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Раҷабалии Худоёр (1960)- шоир, адабиётшинос.

Оташ Неъмат (Додобоев) (1953) - шоир.

Бозор Сафаралиев (1956) - доктори илми педагогӣ.

Ҳаитов Аҳмадҷон (1947) - доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Криштиану Роналду (1985) футболбози португалӣ.

© AP / Martin MeissnerФутболист Криштиану Роналду
Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Футболист Криштиану Роналду
Лентаи хабарҳо
0