Русия дархости Тоҷикистонро пазируфт: 58 донишҷӯи тоҷик аз Ухан бармегарданд

1656
(Таҷдидшуда 13:17 06.02.2020)
Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон бобати интиқол додани 58 донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Ухан посухи мусбат дод

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия ба мақомоти Тоҷикистон ваъда додаст, ки пас аз ду ҳафта, аснои даври навбатии интиқоли шаҳрвандони рус аз шаҳри Ухани Чин, донишҷӯёни тоҷикро низ берун меорад, хабар медиҳад  "Коммерсант".

Қаблан, ҷониби Тоҷикистон аз ҳукумати Русия дархост намуда буд, ки дар баргардондани 58 донишҷӯи дар шаҳри Ухан дармонда, мусоидат намояд. 

Барои пешгирии вируси “тоҷдор” кумак кунед: дархости Тоҷикистон аз Русия

Зимнан, сафири фавқулодаи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ афзуд, ки ба Вазорати умури дохилии  Русия бобати интиқол додани донишҷӯёни тоҷик муроҷиат намуд ва посухи мусбат гирифт.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни тоҷикро сарфи назар аз дархост, дар ду парвози аввал аз Чин берун наоварданд ва аслан шаҳрвандони рус ва якчанд давлатҳои дигарро интиқол доданд.

Кӯршабпарак маншаи эҳтимолии вируси тоҷдор эълом шуд

Ёдовар мешавем, ки Чин феълан дар иҳотаи маризии сироятии "вируси тоҷдор" қарор дорад ва то ҳол  бар асари ин маризӣ беш аз 500 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Чанде пеш, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 301 нафаре, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.

"Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди сироят будани бистаришудагон бо коронавирусро бепоя хонда мегӯяд, шахсони аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда, танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар кишвар дар беморхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

1656
Барчаспҳо:
интиқол, донишҷӯён, Ухан, Тоҷикистон, Русия
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

883
(Таҷдидшуда 12:53 05.06.2020)
Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 барои якқатор соҳаҳо имтиёзҳо дод

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 5 июни соли 2020 аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.

  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;
  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

Ҳамчунин аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

  • фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;
  • бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
  • нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;
883
Барчаспҳо:
имтиёзҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Гроза, архивное фото

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

142
(Таҷдидшуда 11:30 05.06.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Бино ба гузориши ҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

142
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 13:18 05.06.2020)
Тибқи фармони раисҷумҳур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба наздикони муҳоҷироне, ки бесаробон мондаанд, кӯмакпулӣ дода мешавад. Дар ин дастури президент чанд гурӯҳи дигаре номбар шудаанд, ки аз кӯмаки давлат бархурдор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн фармонеро ба имзо расонида дастур додааст, ки ба як гурӯҳ сокинони ҷумҳурӣ бино бар вазъи баамаломада дар пайи пандемияи коронавирус кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Бино бар фармони президент, кӯмакпулӣ яквақта ва ба ҳаҷми як маоши ҳадди ақал аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дода хоҳад шуд.

Киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад", - омадааст дар фармони президент.

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

 

 

0