Ҷашнҳои рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 23 февраля
День 23 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ, дар Гайана – Рӯзи ҷумҳурӣ, Рӯзи артиши миллӣ дар Русия, Белорус, Украина ва Қирғизистон ва рӯзи истиқлолият дар Бруней мебошад

Рӯзи 23 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 аз чор як ҳиссаи интихобкунандагони иёлати Техас дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз ИМА овоз доданд.

Соли 1984 Ҷумҳурии Бруней истиқлолият ба даст овард.

Соли 1993  аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи ҳафтаномаи «Собеседник» нашр шуд.

Рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 рӯзномаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин "Жэнминь Жибао- он-лайн" дар сомонаи худ рубрикаи махсусро таҳти унвони "Тоҷикистон ва Чин: Муколамаи фарҳангҳо" ифтитоҳ намуд.

День 21 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи  давлатии  фарҳангу  ҳунари   шаҳри  Москваи ФР ва се мактаби олии Тоҷикистон-  Консерваторияи  миллии  ба  номи  Т.Сатторов, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Соли 2012 дар Озарбойҷон масъалаи ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку муҳокима шуд.

Соли 2016 чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар даври гурӯҳии аввали Ҷоми КФО -2016 дар гурӯҳи «В» муқобили дастаи футболи Иордания «Ал-Файсалӣ» қувваозмоӣ намуд.

Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» консерти муштараки ҳунарпешагони Тоҷикистону Чин баргузор гардид.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон сафар кард. Сарвари давлат бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.

Соли 2016 хабар доданд, ки куштигири тоҷик дар намуди гӯштини тарзи озод Азамат Сӯфиев дар Чемпионати Осиё дар Тайиланд медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҷашнҳои рӯзи 23 феврал

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Гайана – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Рӯзи артиши миллӣ дар Русия, Белорус, Украина ва Қирғизистон.
  • Рӯзи истиқлолият дар Бруней.

Рӯзи 23 феврал кӣ таваллуд шудааст

Назарбек Абдолов (1947)- доктори илми филологӣ, профессор.

Лола Азизова (1963)- сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Маҷид Акбаров (Олтиев) (1966)- шоир.

Назрӣ Ёров (1938)- доктори илми тиб, профессор.

Искандари Xўрабек (1902-1979)- арбоби ҳизбию давлатӣ.

Абдураҳмон Ишонхоҷаев (1941)- доктори илми техникӣ, профессор.

Қурбон Маҷиддин (1926-1978)- шоир.

Раҳматулло Қурбонов (1949-2000)- доктори илми педагогӣ.

Мирзомаҳмуд Мирбобоев (1943)- журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Шариф Назаров (1946)- мураббии футбол, Корманди маданияти Тоҷикистон.

Амон Нуров (1938)- луғатшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Юсуф Саодатов (1944-2005)- арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.

Пётр Сой (1929)- доктори илми техникӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Исроилҷон Холматов (1928)- доктори илми тиб, профессор.

Лентаи хабарҳо
0