Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото

Муҷозоти 24 ронандаи "крутой" дар пайи шикояти корбарони Фейсбук

683
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе гузориш додааст, ки 24 ронанда дар пайи шикояти корбарони Фейсбук муҷозот шуданд. 

"Ин навбат низ як қатор корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли акси қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Дар асоси аксҳо, 24 ҳолати қоидавайронкунии ронандагон ошкору муайян карда шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудааст.

"Чуноне аз натиҷаи тахлилҳо ва расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон бармеоянд, дар бештари маврид маҳз соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо рақамҳои ба қавле "крутой" ба қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки ин беэҳтиромӣ нисбати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буда, аз маданияту маърифати пасти чунин афрод дарак медиҳад", - таъкид мекунад манбаъ.

Дар натиҷа муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкуниҳои гуногуни дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд

Вобаста ба ин нисбати ҳамаи ин 24 нафар ронадагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Манбаъ акси 24 ронандаро бо худравҳои "крутой"-ашон мунташир кардааст.

683
Барчаспҳо:
муҷозот, ронанда, ВКД
Заслуженный артист Узбекистана и Каракалпакстана Рахматжон Курбонов

Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

69
(Таҷдидшуда 17:56 18.01.2021)
Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.

69
Барчаспҳо:
шашмақом, Шашмақом, ҳунарманд, Ӯзбекистон, даргузашт
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Бо амри Раҳмон: Ибодуллозода ҷойгузини Шарифзода шуд

3465
(Таҷдидшуда 17:39 18.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон амр имзо намуд, ки дар асоси он Шарифзода Абдувалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ишғолкарда озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз Бонки миллӣ сар карда то Прокуратураи генералӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари ҷобаҷокунии кадрҳо дар Бонки миллӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин мудири "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" - ро аз вазифа озод кард.

Таъйиноти кадрӣ: 37 сола, ҷангалбони №1-и Суғд кист?

"Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мудири муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" озод карда шавад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, бо амри дигари Раҳмон, Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло мудири ин муассиса таъйин шуд.

Илова бар ин, бо қарори роҳбари давлат Восидиён Фарҳод Саъдулло муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо баргузида шуд.

3465
Барчаспҳо:
осорхона, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

790
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

790
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон