Ҷашнҳои рӯзи 11 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 11 марта
День 11 марта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 11 март дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуот, дар Литва – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият, дар Замбия Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи мухаддир мебошад

Рӯзи 11 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони "The Daily Courant" нашр шуд.

Соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонунеро қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.

День 10 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 10 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 11 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1912  аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии "Бухорои шариф" нашр шуд.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти форсизабонон ифтитоҳ гардид.

Соли 2009 дар пойтахти Олмон намоиши туристии ITB Berlin-2009 баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар он раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд.

Соли 2009 рейтинги нави Федератсяи байналмилалии футбол нашр шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз зинаи 147 ба 146, яъне  як зина поён рафт.

Соли 2015 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Венгрия, Бразилия, Бруней ва Того эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 11 март

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Литва – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият.
  • Рӯзи ҷавонон дар Замбия.
  • Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи мухаддир

Рӯзи 11 март кӣ ба дунё омадааст

Ғанӣ Абдулло (1912 – 1984) – драматург, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Абдуғаффори Убайдулло (1958)- публитсист.

Зебо Аминова (1942) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Арафамоҳ Давлатова (1965)- раққоса.

Маҳмад Ғоибов (1941) – доктори илми фалсафа, профессор.

Исҳоқӣ Фотеҳ (1930) – шоир.

Саид Лутфӣ (1917-2000) – нависанда.

Мардони Мавлон (1963)- сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоқикистон.

Мирзо Маҳмуд (1926 – 1989) – шоири ҳаҷвнигор.

Рустам Очилдиев (1956)- кинооператор.

Ҳакимҷон Раҳимов (1946-2004)- киноактёр ва режиссёр.

Соро Сабзаалиева (1954) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Нормат Солиев (1935) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Музаффар Юнусов (1950) – доктори илми химия, профессор.

Лентаи хабарҳо
0