Пустое кресло

Вазири фарҳанг Иброҳимзодаро мудири Мактаб - интернати санъат таъйин кард

295
(Таҷдидшуда 16:41 11.03.2020)
Қиёмиддин Иброҳимзода бо фармони Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, мудири Мактаб - интернати санъати ба номи М. Атоев таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Қиёмиддин Иброҳимзода, ки дар вазифаи сармутахассиси раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорати мазкур фаъолият мекард, бо фармони Зулфия Давлатзода ба мақоми дигар такя зад.

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Иброҳимзода ба ҳайси мудири  Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев баргузида шуд.

Шашмақомсароёни кишвар аз сӯи вазири фарҳанг қадрдонӣ шуданд

Манбаъ меафзояд, номбурдаро имрӯз муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ба аҳли кормандони муассисаи таълимӣ муаррифӣ намуд.

Зимнан, мудири навтаъини ба вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки вазифаи нави худ тамоми қувваю иродаашро сарф менамояд.

295
Барчаспҳо:
таъин, санъат, мактаб, мудир, фарҳанг, вазир

Дар Русия пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мешавад

113
Дар Русия, ки ҳамарӯза теъдоди зиёди мавориди олудашавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт мешавад, пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Роспотребнадзор дар робита ба афзун шудани шумораи дардмандони нави коронавирус ва ҳамзамон зиёд шудани қурбониёни ин дард, аз шаҳрвандон талаб намуд, ки минбаъд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, нақлиёт, истгоҳу лифтҳо, дастпӯшу ниқоб пӯшанд.

"Дар робита бо паҳншавии глобалии сирояти нави коронавирусӣ бо мақсади кам кардани хавфҳои COVID-19 дар Федератсияи Русия ҳангоми афзоиши мавсимии бемориҳои шадиди вирусии респираторӣ ва зуком ... фармон медиҳам: шахсоне, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, дар ҷойҳои будубоши оммавии одамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо, истгоҳҳо, лифтҳо бояд ҳатман дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта бошанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, Роспотребнадзор ҳамаи минтақаҳои Русияро мувазаф намуд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ бояд на камтар аз 150 ташхиси коронавирус гузаронда шавад.

Таъкид мегардад, ки фармони Роспотребнадзор дар бораи тақвияти чораҳо алайҳи коронавирус аз 28 октябр эътибор пайдо мекунад.

113
Барчаспҳо:
маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

4335
(Таҷдидшуда 14:33 27.10.2020)
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмани кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфтӣ дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезонаи профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

4335
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия