День 16 марта

Ҷашнҳои рӯзи 16 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

101
(Таҷдидшуда 20:41 13.03.2020)
Рӯзи 16 март, дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ буда, зимнан Рӯзи мотами миллии курдҳо мебошад. Дар ин рӯз дар ИМА Рӯзи озодии мазҳабӣ ва дар Тайланд Рӯзи муаллимон таҷлил мешавад

Рӯзи 16 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1976 дар конфронси байналмилалии Ямайка созишнома дар бораи низоми нави асъори байналмилалӣ ба имзо расид.

Рӯзи 16 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бора таҳсилоти иловагӣ"-ро баррасӣ намуд.

День 13 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 Маҷлиси намояндагони Моҷлиси Олии ҶТ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон"- ро дар таҳрири нав қабул кард.

Соли 2009 Президент  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар  форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуд.

Соли 2010 дар Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳаёт" нашр шуд.

Соли 2012 Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишнома дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи бақайдгирӣ ва сохтори кадрии замин барои рушди устувори хоҷагии қишлоқ, инчунин лоиҳа оид ба паст намудани талафоти энергетикиро ба имзо расониданд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯз 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масъалаи бароҳмонии корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд.

Соли 2016 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ ва меъморӣ баргузор гардид.

Соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 март

  • Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ.
  • Рӯзи мотами миллии курдҳо.
  • Рӯзи озодии мазҳабӣ дар ИМА.
  • Рӯзи муаллимон дар Тайланд.

Рӯзи 16 март кӣ ба дунё омадааст

Шавкат Саидов (1970) - раҳбари собиқи телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт" ва сухангӯи пешини шаҳрдори собиқи Душанбе.

Шавқат Бозоров (1958)- доктори илми иқтисод, профессор.

Гулнора (Назарова) (1972)- шоира.

Раҳматилло Зоиров (1958)- раиси ҲСДТ.

Фатҳия Икромова (1933) – педагог, профессор.

Абиғай Исҳоқова (1916 – 1995) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Носирҷон Маъмурзода (1984)- журналист.

Муҳаммад Ғойиб (1954) – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Муҳаммадҳаким Муҳаммадзоҳиров (1935) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Давлат Қурбонов (1943) – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Абдуҷаббор Раҳмонов (1959) – доктори илми филологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон.

Эгам Ҳасан (1934-1998)- нависанда.

101
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 13 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пустые улицы города Душанбе

Бозорҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Душанбе то 15 июн баста мемонанд

332
(Таҷдидшуда 14:03 30.05.2020)
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо то 15 июни соли 2020 маҳдуд боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

"Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд", - омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: омодагӣ ба зимистони 2020-2021 ва супоришҳо ба масъулин

Мақомоти шаҳри Душанбе ҳамчунин хабар медиҳад, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намудааст.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фаъолияти бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз ҷумла "Корвон", "Саховат" ва кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои фурӯши телефонро боздошт.

То 29 майи соли равон дар Тоҷикистон, 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

332
Барчаспҳо:
маҳдудият, маҳдуд, сартарошхона, бозор, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Хуршед Атовулло: падари 71 - солаашро аз даст дод

1164
(Таҷдидшуда 16:20 29.05.2020)
Ато Карим падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" Хуршед Атовуллоев шаби 28 - уми май дар синни 71 солагӣ аз дунё гузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Ато Карим, падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло шаби 28 май дунёи фониро падруд гуфт.

Ба иттилои сомонаи "Фараж", падари Хуршед Атовулло дар бемористони шаҳри Панҷакент бистарӣ буд. Марҳум ҳамагӣ 71 сол умр дошт.

Бобои Файз - муаллифи таронаи машҳури "Очата бугӯ" даргузашт

Ниёзов Атовулло Каримович (Ато Карим) 15-уми июли соли 1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Баъди хатми омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент, чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултети таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Марҳум  худ шоир, нависанда ва омӯзгор буда, китобҳои зиёдеро чоп намудааст. Китобҳои ӯ бо номҳои "Садо аз зиндон" (1998), "Ашки ҳасрат" (1999), "Тӯшаи ғарибон" (2009), "Фарёди дил" (2011), "Пули ҳаром", (2014), "Ашки ғам" (2018) ба таъ расидаанд ва навиштаҳояш дар чанд маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр шудаанд.

Маросими видоъ бо шоир ва нависанда Ато Карим имрӯз, 29 май дар зодгоҳаш деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент сурат гирифт.

1164
Пограничная вышка, архивное фото

Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

0
(Таҷдидшуда 17:15 30.05.2020)
Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

 

0
Барчаспҳо:
хатти марз, аломатгузорӣ, тавофуқ, Қирғизистон, Тоҷикистон