День 23 марта

Ҷашнҳои рӯзи 23 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

86
(Таҷдидшуда 20:38 22.03.2020)
Рӯзи бисту сеюми март Рӯзи байналмилалии метеорологҳо, Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар Боливия – Рӯзи баҳр мебошад

Рӯзи 23 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1806 дар Англия ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд.

Ссоли 1841 дар Лондон аввалин маротиба дар Аврупо озмоишгоҳи суратҳо кушода шуд.

Соли 1999 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар дод, ки сатҳи бемории сил дар ҷаҳон ба нуқтаи назари интиқодӣ расид.

Соли 1837 дар Канада ба аҳолии сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

Соли 1891 аввалин маротиба дар дарвозаи футбол тӯр истифода бурда шуд.

Рӯзи 23 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию сабзазорсозии атроф даъват намуданд.

День 22 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.

Соли 2014 дар Осорхонаи этнологии Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Казоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва  Туркия тантанаҳои наврӯзӣ баргузор намуданд.

Соли 2015 дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016 дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар вазъияти тантанавӣ аз рӯйи муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 март

  •  Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.
  • Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
  • Дар Боливия – Рӯзи баҳр.

 

86
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн