Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб ба тоҷикони дар фурудгоҳи “Внуково” дармонда: “Худованд кӯмакатон кунад”

1621
(Таҷдидшуда 15:10 23.03.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чанд фурудгоҳи Русия ва ҳамчунин фурудгоҳи Анқара дармондаанд, тариқи расонаҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ аз ҳукумати кишвар талаб доранд, то онҳоро ба ватан расонанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи инстаграми худ ҳолати дармондагии муҳоҷирини тоҷикро дар фурудгоҳи “Внуково” шарҳ додааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ дар бахши таърихи саҳифаи инстаграм ба муҳоҷирини тоҷик гуфтааст: “Бигзор Аллоҳ кӯмакатон кунад".

Яке аз пешбарандагони саҳифаи  Molodezh__tjk дар инстаграм навори мунтазирии шаҳрвандони кишварро дар фурудгоҳи “Внуково” нашркарда, гуфтааст, тоҷикистониён алакай сем рӯз аст, дар фурудгоҳанд.

Ба гуфти ӯ парвозҳо замоне бекор карда шуд, ки ҳама ҳамвтанон аз дигар минтақаҳои Русия ба фурудгоҳ омаданд.
Гуфта мешавад, ҳоло ин муҳоҷирон ҷои рафтан ва чизе барои хӯрдан надоранд. Бисёриҳо пули охирини худро барои харидани чипта доданд ва парвозҳо лағв карда шуданд.

Дар пайи қатъи парвозҳо миёни Русияву-Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар дар фурудгоҳҳо монданд ва ахиран тариқи расонаҳо ва муроҷиатҳо аз ҳукумат ва намояндагии дипломатии давлат дархости кӯмак карданд.

Ҳамчунни корбари саҳифаи фейсбукии “Делай добро Таджикистан” навиштааст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба муҳоҷирини дар фурудгоҳ дармонда барои хариди ғизои аввалия кӯмаки молиявӣ низ кардааст.

Ҳамчунин шоҳидони ҳол гуфтанд, аз ҷониби баъзе аз ҳамватанони муқими Русия низ тули чанд рӯз аст маводи ғизоӣ мерасад.

1621
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ҳабиб, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

1201
Даргузашти нобаҳангоми Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистон аҳли маорифчиёни Хуҷандро андуҳгин намудааст. Ризоева субҳи 8 август бар асари бемории саратон дар бемористони Хуҷанд ҷон ба Ҳақ супурдааст

ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз даргузашти Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистони № 37 ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда ба аҳли пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

"Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз марги нобаҳангоми бонуи равшанзамир, шахси наҷибу нексиришт, Аълочии маорифи Тоҷикистон Маърифатхон Ризоева сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳад”, - гуфта шудааст дар тасаллиятнома.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Маърифатхон Ризоева ҳамагӣ 47 сол (1937 таваллуд шудааст) дошта, баъд аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос ва мутахассиси муассисаҳои томактабӣ гардидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Фаъолияти кории худро дар кӯдакистони №33 и Хуҷанд оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, мудири кӯдакистонҳои №7 ва 37 идома додааст.

67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Хуҷанд ӯ барои саҳми назаррас дар раванди таълиму тарбияи насли наврас борҳо бо ҷоизаҳо аз ҷумла бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардидааст.

1201
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳамдардӣ, Хуҷанд
Бухара, старый город

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

178
(Таҷдидшуда 13:21 09.08.2020)
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуданд. Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабӣ аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.

Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:

  • тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
  • меҳмонхонаҳо;
  • тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
  • марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
  • кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
  • бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 

Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.

Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

178
Барчаспҳо:
маҳдудият, қавонин, Бухоро
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия