Сатторов теъдоди муҳоҷирони дар фурудгоҳ дармондаро гуфт: сафорат кӯмаки лозимаро мекунад

226
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия вазъи парвозҳои лағвшударо фавқулода номида, аз шаҳрвандон даъват кард, ки  ҳолати баамаломадаро дарк кунанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо бахши русии Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" алакай барои бурдани шаҳрвандони кишвар, ки бинобар сабаби коронавируст дар Русия монда будан, чанд парвоз анҷом доданд.

Ба гуфти Сатторов, мусофироне,  ки дар фурудгоҳи “Жуковский” ва “Внуково” ҳастанд, мебоист ширкати ҳавопаймои "Урал" ба Тоҷикистон барад.

“Тибқи маълумоти дирӯз, дар фурудгоҳи Жуковский 213, Внуково 164 нафар дар дар Шереметово 40 нафар мунтазири парвозанд",-мегӯят Сатторов.

Вай таъкид намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони интизори интизори парвоз буда кӯмаки зарурӣ мерасонад. Инчунин ба ин нафарон ҳамватанон ва соҳибкорони муқими Русия кӯмаки худро расониданд.

Ҳоло мо мунтазири баровардани шаҳрвандонамон аз фурудгоҳ ҳастем. Ширкатҳои ҳавопаймоии мо дар як шабонарӯз 1-2 парвоз анҷом медиҳанд ва пеш аз ҳама онҳоеро, ки чиптаҳоро то 23 март гирифтаанд, бароварда хоҳанд шуд",- гуфт сафир.

Русия ба муҳоҷирон имкон дод, ки бе убури марз муҳлати будубошашонро тамдид кунанд

Сатторов вазъи парвозҳои лағвшударо фавқулодда номид ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки вазъияти бавуҷудомадаро дарк намоянд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз 20 март Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар қаламрави худ алоқаи ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро қатъ кард. Дар робита ба ин, бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ натавонистанд аз фурудгоҳҳои Маскав ба Душанбе парвоз кунанд.

226
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Тоҷикистон, сафир, Имомуддин Сатторов