Ҷашнҳои рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 13 апреля
День 13 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сенздаҳуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии рок буда дар Тайланд Соли нав мебошад. Дар ин рӯз, соли 1932 дар Тоҷикистон обсерваторияи астрономӣ кушода шуд

Рӯзи 13 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс унвони номзади илмҳои фалсафиро писарбачаи 13-сола Карл Витте соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб меёбад.

День 12 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 12 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1925 Кушодашавии аввалин ҳавопаймои боркаш ба самти   Детрой — Чикаго (ИМА) ифтитоҳ ёфт.

Соли 1902 дар Петербург озмоиши нахустин троллейбус дар Россия доир гардид.

Рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1932 – Дар Тоҷикистон обсерваторияи астрономӣ кушода шуд.

Соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистону Беларус» ифтитоҳ гардид.

Соли 2003 дар Душанбе нишасти Шӯрои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Эвана Фейгенбаума конфронс таҳти унвони «Имрӯз ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Америка» баргузор гардид.

Соли 2010 — Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи таъсиси 5 корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон созишномаҳо ба имзо расиданд.

День 11 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуданд.

Соли 2016 дар Душанбе  ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мавзӯи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР)  дар Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба об» баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии рок.
  • Дар Тайланд Соли нав.

Рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1896 – Зодрӯзи муборизи барқарор намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, Комиссари халқии корҳои дохилии ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1926) Абдулло Ёрмуҳаммедов.

Лентаи хабарҳо
0