Девушка пишет сообщение на телефоне

Паёмак аз Ожонси зидди фасод: ба коррупсия дучор шудед, зуд муроҷиат кунед

459
(Таҷдидшуда 19:08 15.04.2020)
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ирсоли паёмак тариқи телефонҳои дастӣ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ҳоли дучор шудан ба амалҳои коррупсионӣ ба ин мақомот хабар диҳанд

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Дарпаёми Ожонси зидди фасод ба шаҳрвандон тавассути ширкатҳои мухобиротӣ рақами телефон ва суроғаи электронӣ барои муроҷиат нишон дода шудааст.

“Ҳангоми бо ҳолатҳои коррупсионӣ дучор омадан ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефони боварии 224-23-23 ё почтаи электронии info@anticorruption.tj муроҷиат намоед!”, - омадааст дар паёмаки телефонӣ.

То ин замон ҳам бо насби тоблӯҳои хос, Ожонси мубориза бо коррупсия дар роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар сокинонро даъват мекард, ки барои муқовимат бо фасод, фаъолона ширкат варзанд.

Ин ниҳод ахиран дар ҷамъбасти фаъолияти солонаи худ дар соли 2019 ба рӯзноманигорон гузориш дод, ки барои бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони ин ниҳод 1581 пешниҳод ирсол гардид.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо нисбати 480 нафар огоҳӣ, 420 нафар сарзаниш, 557 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 249 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

“Дар ин давра аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1084 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст”, - иттилоъ дода Ожонс.

Мақомот мегӯянд, муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон танҳо вазифаву масъулияти ин як ниҳоди давлатӣ нест, балки барои решакан кардани фасод иштироки ҳар як шаҳрванд бағоят муҳиму муассир аст. Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, решаи коррупсия дар Тоҷикистон аз боло об мехурад ва барои хушкондани он дасти сокинони оддӣ намерасад.

459
День 9 июля

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

13
(Таҷдидшуда 20:44 08.07.2020)
Рӯзи нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии теннис буда, дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ, дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият ва дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.

Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.

День 8 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия  (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.

Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин  элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий»  номгузорӣ намуданд.

Соли 1961  Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.

Соли 1988  варзишгари немис  Габриэла Ранш барои партофтани гурз  ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.

Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Германия дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Соли 2012  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл

  • Рӯзи байналмилалии теннис.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст

1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри  XX.

1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.

1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.

1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).

1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор  "Золотой глобус".

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1941-2008 – нависанда  Азиз Раҳим.

1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.

13
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сироджиддин Аслов, архивное фото

Ҳамдардии Сироҷиддин Муҳриддин бо Тосимитсу Мотэги

102
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои ҷопониаш изҳори таслият карду мубориза бар зидди COVID - 19 - ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо dазири корҳои хориҷии Ҷопон Тосимитсу Мотэги телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ибтидо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои ҷопонияш барои талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби ин икшвар изҳори ҳамдардӣ кардааст.  

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шудаанд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Ҷопон барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намудааст.

Дар ин суҳбат ёдоварӣ шудааст, ки маориф ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди стратегӣ дар Тоҷикистон мебошад, мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Ҷопон таҳсил мекунанд.

Дар ин замина лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият, инчунин Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии  Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

102
Барчаспҳо:
ВКХ, ҳамдардӣ, вазир, Сроҷиддин Аслов