День 17 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

163
(Таҷдидшуда 20:29 16.04.2020)
Рӯзи ҳабдаҳуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия буда, ҳамзаон дар Ҷопон рӯзи ҳифзи кӯдакон мебошад

Рӯзи 17 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи телевизионии "Дар олами ҳайвонот", ки ровии он Александр Згуриди буд, нахустин маротиба пахш гардид.

Рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Президент Эмомалӣ Раҳмон директори ширкати «Джи Эн Ай Инвестмент ЛТД» Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфт.

День 16 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия доир шуд.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ миёни  Тоҷикистону Латвия баргузор гардид.

Соли 2009 дар машқгоҳи низомии Фахробод машқҳои зиддитеррористии якҷояи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Норак – Антитеррор – 2009» баргузор гаштанд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ доир гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 17 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия.
  • Дар Ҷопон рӯзи ҳифзи кӯдакон.

 

163
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 16 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Как душанбинцы спасаются от жары у фонтанов

Гармии тоқатфарсо ва нурҳои ултрабунафш: ҳавошиносон гуфтанд, кай бояд берун баромад

445
(Таҷдидшуда 17:32 05.06.2020)
Ҳавошиносон аз гармои шадид дар кишвар хабар медиҳанд. Мутахассисон ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳанд, ки аз 5 то 7 июн нисфирӯзӣ аз хона набароянд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Рӯзҳои 6-7 июн ба далели баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли ба вуҷуд омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дар назар аст.  

Дар ин бора аз Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

“Харобаҳои Хуросон”: аз вайрона то ободӣ – арқоми расмӣ

"Аз 5 то 7 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид", - омадааст дар хабарнома.

Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.

Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

Дар ин росто, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

445
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

1906
(Таҷдидшуда 14:11 05.06.2020)
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳион ба Ҳукумати дастур дода, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

1906
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0