День 19 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 19 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

130
(Таҷдидшуда 20:28 18.04.2020)
Рӯзи нунздаҳуми апрел Рӯзи гули бойчечак буда дар Русия рӯзи нашриёт мебошад. Дар ин рӯз соли 1935 – дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии "Спартак" таъсис ёфт

Рӯзи 19 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1970 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин мошини ВАЗ-2101 "Жигули" таҳия гардид.

© Sputnik / Андрей Луковский
Автомобили "Жигули" ВАЗ 2101

Соли 1995 дар натиҷаи таркиши маводи тарканда дар иёлати Оклахомаи ИМА 168 нафар ҷон бохтанд. Ин таркиш нахустин ҳамлаи террористии азим дар таърихи Америка ба шумор меравад.

Соли 1935 – дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

Соли 2000 дар қисмати марказии Руминия калонтарин кони тилло дар Урупо кушода шуд.

Слитки золота, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Слитки золота, архивное фото

Рӯзи 19 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 — дар вилояти Суғд нисбати гурӯҳи иборат аз 34 нафар ба иттиҳоми робита доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳукм содир шуд.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, барқияи тасаллият ирсол намуд.

День 17 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуд.

Соли 2017 — дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Соли 2018 масъалаҳои асосии ҳамгироии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳоро баррасӣ шуданд.

Соли 2018 бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 апрел

  • Рӯзи гули бойчечак.
  • Дар Русия рӯзи нашриёт.

Рӯзи 19 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1904 Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

Соли 1908 доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

Соли 1950 Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

Соли 1962 доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

Соли 1970 журналист Манижа Қурбонова.

130
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 12 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

135
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

135
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон
Дедушка в маске в городе Душанбе

Муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ ба мардум: ниқоб пӯшед ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунед

220
(Таҷдидшуда 12:42 04.06.2020)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз бурузи мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳо ҳушдор дода, тоҷикистониёнро ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пӯшидани ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 ба  аҳолии  кишвар расман муроҷиат намудаст.

Ба маълумоти ситоди мазкур, аксар кишварҳои ҷаҳон бинобар риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва тадобирҳои пешгирикунанда,  ба мавҷи дуюми бурузи маризии сироятии коронавирус рӯбарӯ шуданд. 

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ: 177 хориҷӣ дар карантинанд

Гузашта аз ин, аз  тамоми  сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷаъмиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми тоҷикистониён дархост намудааст, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Ситод ҳушдор медиҳад, ки дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус нисбате  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

220
Барчаспҳо:
ситод, муроҷиат, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

0