День 21 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

163
(Таҷдидшуда 20:36 20.04.2020)
Рӯзи бисту якуми апрел Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ бо қарори ЮЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон ин рӯз Рӯзи байналмилалии сирк ва Рӯзи астрономия мебошад

Рӯзи 21 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1944 дар Фаронса бори нахуст занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

Соли 1951 Кумитаи миллии олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.

Соли 1954 Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони ЮНЕСКО ворид гардид.

Рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.

День 20 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм»-ро ба имзо расонид.

Соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ,  илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ҷанубии Қазоқистон ба имзо расид.

Соли 2005 корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Неругоҳ соли 2009 ба истифода дода шуд.

Соли 2007 — Бонки давлатии Чин баҳри такмили фаъолияти корпоратсияи ZTE, ҶС «Тоҷиктелеком» ва оператори мобилии «ТК-мобайл» 73 млн. доллар қарз ҷудо кард.

Соли 2013 нахустин фестивал-намоишгоҳи коллексияҳои мошинҳо «Авто-ретро Душанбе» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Фестиваль ретро-автомобилей в Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Фестиваль ретро-автомобилей в Душанбе

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон муҳокима карда шуд.

Соли 2016 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Остона иштирок намуд.

Соли 2018 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот анҷом дод.

 

Ҷашнҳои рӯзи 21 апрел

  • Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ (бо қарори ЮЕСКО ҷашн гирифта мешавад).
  • Рӯзи байналмилалии сирк.
  • Рӯзи астрономия.

Рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939 доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.

Соли 1966 олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Маъруф Исоматов.

163
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Люди в городе Душанбе

Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

1531
(Таҷдидшуда 20:38 06.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд давоми як рӯзи ахир бар асари маризии коронавирус ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 июни соли равон дар мамлакат 1265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Бар тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз котиботи вазорат дастрас намуд, то соати 20:00 дақиқаи 6 июн дар кишвар 4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

Зимнан, манбаъ таъкид мекунад, ки давоми шабонарӯзи ахир ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт нашудаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

1531
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Дар Рашт домуллое, ки ба мардуми 4 ҷамоат хизмат мекард даргузашт

852
Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар масҷиди ҷомеъӣ шаҳри Навобод имомхатиб буда, ба мардуми 4 ҷамоат хизмат намуда буд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Даргузашти домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар водии Раштро  Фарҳод Худоёров сокини раштзамин дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудааст.

Ба навиштаи ин корбар, домуло Пирмуҳаммади Қаландакӣ 87 - сол умр дошта аз маризии қалб ранҷ мекашидаст. Иллати марги домулло низ аз тапидан бозмондани қалбаш арзёбӣ мешавад.

Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ солҳои тӯлонӣ имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Навобод буда ба мардуми 4 ҷамоат хизмати шоиста дар соҳаи дини мубини Ислом намудааст.

852
Барчаспҳо:
даргузашт, имомхатиб, Рашт
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

219
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

219