Замминистра здравоохранения Шодихон Джамшежов

Дастури Шодихон Ҷамшед ба масъулини Хатлон барои бартараф кардани мушкилот

442
(Таҷдидшуда 20:25 22.04.2020)
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҷиҳати ошнооӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи "Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” "Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон", дар вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин ҷаласа мувоини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, сардори Хадамоти давлатии ташхисию тиббии ҷумҳуриявӣ Амиршозода Ш.Т, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ширкат кардаанд.

Иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани маъюбони вилоятро ба маркази мазкур баррасӣ намуда, ҳамзамон, дар ҷаласа раиси комиссияи машаваратии шаҳри Бохтар Кассиров Ҳафизулло оид ба вазъи бақайдгирии маъюбон  ва ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар баромад намудааст.

"Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷудаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ногуфта намонад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  рӯзи 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, қайд намуд, ки "Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирӣ таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабака гузаронида мешавад".

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ”«Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

442
Барчаспҳо:
нафақаи маъюбон, нафақа, пешгирӣ, Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед
Такси в Душанбе

Ҷаримабандии ронандаи ширкати "Olu4a Taxi": ҷавондухтари велоспедронро таҳқир кард

433
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаримандӣ шудани ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" хабар медиҳад, ки ҷавондухтари велосипедронро мавриди таҳқир қарор додааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси шикояти як ҷавондухтар ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" - ро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани  расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз кормандони милитсия хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

"Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Зимнан, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Нисбати Самадов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.

433
Барчаспҳо:
такси, ронанда, ҷарима
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

3516
(Таҷдидшуда 17:27 27.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегарданд.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе шаҳру навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешаванд.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйину пардохт мешаванд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл кумакпулиҳо барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

3516
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2621
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2621
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон