Ҷашнҳои рӯзи 23 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 23 апреля
День 23 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту сеюми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳамзамон Рӯзи забони англисӣ дар СММ мебошад

Рӯзи 23 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Перебурги Русия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.

День 21 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 23 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.

Соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ "Молния-1" ба кайҳон равон карда шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.

Соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.

Соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии "Меҳри Модар" ба истифода дода шуд.

День 20 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 20 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 вазири вақти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва вазири фарҳанги Федератсияи Русия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.

Соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуданд.

Соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Белорус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардиданд.

Соли 2018 дар шаҳри Маскав ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
  • Рӯзи забони англисӣ дар СММ.
Лентаи хабарҳо
0