Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 апреля
День 25 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту панҷуми апрел Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо ва Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа мебошад

Рӯзи 25 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1719  дар Лондон аввалин романи Даниэл Дефо дар бораи Робинзон Крузо интишор шуд.

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар ҷаҳон рақамҳои мошин мавриди истифода қарор дода шуданд.

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузариш ба медиабонкВид на город Нью-Йорк, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Вид на город Нью-Йорк, архивное фото

Соли 1954 маркази тадқиқотии америкоии "Белл телефон" оид ба сохтани батареяҳои офтобӣ хабар дод.

Рӯзи 25 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1933 - таъсиси ноҳияи Ванҷ.

© Предоставлено Хилватшо ХоджаевымСело Поймазор. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Село Поймазор. Архивное фото

Соли 1945 – дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.

Соли 1962 – ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.

Соли 1993 – миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.

День 24 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 24 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1996  нахустин ҳафтаномаи хусусии "Чархи гардун" нашр гардид.

Соли 2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шўрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷу мулоқот намуд.

Соли 2013 Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо унвони фахрии "Доктор права"-и Донишгоҳи давлатии Италия «Ла сапиенца» мукофотонида шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Пекин таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус доир гашт.

Соли 2017 дзюдочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушодаи Африқо гардид.

© © Sputnik / Амир ИсаевМахмадбеков Сомон
Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Махмадбеков Сомон

Соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2018 вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро  оид ба фаъолияти  намояндагони сарҳадӣ ба тасвиб расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел

  • Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа.

Рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1926  доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.

Соли 1929 доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.

Соли 1937 журналист Қадам Мӯъминшоев.

Соли 1946  нависанда Сулаймон Эрматов.

Соли 1948 Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.

Соли 1949 журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.

Соли 1965 коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.

Соли 1972 журналист Самариддин Асозода.

Рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

Соли 2010 дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.

Соли 2014 собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0