Фонди ҳамсари Мирзиёев дар моҳи Рамазон ба занони ниёзманд 5 миллиард сум ҷудо кард

391
(Таҷдидшуда 18:08 22.08.2020)
Ташаббуси кӯмак расонидан ба шахсоне, ки дар робита бо карантин дар ҳолати вазнин қарор доштанд, аз ҷониби Шӯрои Роҳбарони Фонд таҳти роҳбарии Зироат Мирзиёева гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бунёди Байналмилалии Ҷамъиятии Замин, ки онро ҳамсари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон  Зироат Мирзиёев роҳбарӣ мекунад, барои дастгирии занон ва оилаҳое, ки дар натиҷаи пандемия дар ҳолати душвор қарор доштанд, панҷ миллиард сӯм ҷудо кардааст.

Бино ба гузориши Sputnik Ӯзбекистон кумаки моддӣ ба панҷ ҳазор зан аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон расонида мешавад.

"Бигузор ин кӯмаки бехатар ва саривақтӣ ба онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор ноумеданд, умед, гармӣ, шодмонӣ ва табассумро ба ҷашни Рамазон - моҳи муқаддаси меҳрубонӣ ва марҳамат ба хонаводаҳо ва наздиконашон биёрад",-гуфтааст Мирзиёева.

Ӯ гуфтааст пандемияи COVID-19, ки барои тамоми ҷаҳон ва барои ӯзбекҳо озмоиши воқеӣ гардид, чун ҳамеша аз ҳарвақта ҳамдилӣ ва ғамхории ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро талаб мекунад. Ин аст он чизе ки ба кишвар дар рӯзҳои душвор кӯмак мекунад.

Маълум шуд, дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори COVID - 19 чанд млн сарф мешавад

 Бунёди Замин дар Ӯзбекистон ҳамчун як созмони ғайриҳукуматии ва ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад.

Ҳадафи он мусоидат ба рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Манбаъҳои асосии маблағҳои ин фонд хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ мебошанд.

391
Барчаспҳо:
моҳи Рамазон, занон, кумак, Зироат Мирзиёева, Ӯзбекистон
День 5 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

106
(Таҷдидшуда 20:10 04.12.2020)
Рӯзи панҷуми декабр, рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда, дар Тайланд рӯзи падарон ва дар Украина рӯзи кормандони омор мебошад

Рӯзи 5 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1913 Бритониёи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.

Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло аст,  ба артиш даъват карда шуданд.

Соли 1949  Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват кард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар кард.

День 4 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи "Шифобахш" нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид. 

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.

Соли 2008 дар Украина Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

День 2 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 дар шаҳри Ишқобод-пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.

Соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сессияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ карда шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр

  • Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.
  • Рӯзи падарон дар Тайланд.
  • Рӯзи кормандони омор дар Украина.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

  • Фозил Абдураҳмонов (1930) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Азиза Азимова (1915 – 1997) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
  • Мендел Биндер (1919 – 1991) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
    Хосият Бобоева (1923) – доктори илми таърих, профессор.
  • Холмурод Буйдоқов (1930-2011) – доктори илми педагогӣ, профессор.
  • Хушқадам Давлатқадамов (1924-1995)- арбоби давлатӣ, файласуф.
  • Зафар Абдулло (1976)- публисист.
  • Ботур Қобилов (1931) – навобардори кино ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • Хайриддин Қосимӣ (1954)- нависанда.
  • Озод Меликов (1964)- кинорежиссёр, кинооператор.
  • Файзалӣ Муродов (1936-2010)- доктори илми филологӣ.
  • Муҳаммадалӣ Шамс (1950)- шоир.
  • Сайқал (Самиев Қунғурот) (1939)- шоир.
  • Саодат Саломова (1967)- раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Барот Содиқов (1929)- актёри театр.
  • Солеҳзода Саодатхоҷа (1950) – нависанда.
  • Мерган Султонов (1922 - 1997) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Ҳазрат Сабоҳӣ (1948)- санъатшинос (кино).
  • Ҳабибулло Холҷӯраев (1933) – доктори илми таърих, профессор.
  • Мӯсо Ҷумъаев (1927 – 1995) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
106
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ манзили дуҳуҷрагӣ ваъда дод

Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали "Барои мубориза бо пандемия" қадрдонӣ шуд

818
(Таҷдидшуда 19:27 04.12.2020)
Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар аввоили хуруҷи маризии коронавирус дар Тоҷикистон, пас аз нашри навори риққатангез шӯҳратёр гардид

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Намояндагони Ташкилоти умумирусиягии ҷамъияти собиқадорони "Бародарони ҷанг" Ҳусейновро бо медали "Барои мубориза бо пандемия" қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, Саидаҳмад Давлатов намояндаи "Бародарони ҷанг" дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, дар вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид.

Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад.

Муҳаммадҷон Ҳусейнов фелдшери шуъбаи "Ёрии таъҷилӣ" - и беморхонаи "Истиқлол" мебошад, ки пас аз мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон, акнун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ мебошад.

Раҳмон ба 53 қаҳрамони мубориза бо коронавирус мукофоти давлатӣ дод

Номбурда ҳанӯз моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки аз табибони ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод кард, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид.

Муроҷиати видеоии ӯро худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ тамошо карда, дар як мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ӯ ёдовар шуд ва назди худ хонд.

Пас аз чанде, бо фармони роҳбари давлат Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали "Шафқат" қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ба ӯ калиди хонаро тақдим намуданд.

818
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Девушка держит в руках флаг Китая

Парчами Чин рӯи кураи моҳ

0
(Таҷдидшуда 19:30 05.12.2020)
Чин ба унвони дувумин кишвари ҷаҳон ва ҳудуди 50 сол баъд аз Амрико, парчами худро рӯи кураи моҳ ба замин зад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Созмони Миллии Фазоии Чин (CNSA) рӯзи шанбе тасовире мунташир кард, ки нишон медиҳад, парчами ин кишвар тавассути ковушгари “Chang'e 5”, рӯи кураи моҳ насб шудааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Синхуа.

Чин ин фазопаймои бидуни сарнишинро бо ин ҳадаф партоб карда, ки намунае аз сангҳои моҳро ба замин мунтақил кунад.

Ин аввалин талоши як кишвар барои овардани намуна аз моҳ аз даҳаи 1970 то кунун аст.

Ин ковушгар ба зуддӣ амалиёти ҳаффории худро оғоз мекунад ва агар ҳама чиз бо муваффақият пеш равад, авохири моҳи ҷорӣ намунаҳоро ба замин хоҳад овард.

Мутахассисон мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи моҳ, ки ин ковушгар ҷамъоварӣ мекунад, барои ошноӣ бо таърихи хоки кураи моҳ ва ҳатто фаъолиятҳои офтоб кумаки зиёде хоҳад кард.

0
Барчаспҳо:
Амрико, моҳ, парчам, Чин