День 27 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 27 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

210
(Таҷдидшуда 19:03 26.04.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми апрел дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ниҳолшинонӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 1930 дар Душанбе аввалин театрстудияи мусиқавӣ таъсис ёфт

Рӯзи 27 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1908 IV Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, ки як моҳ идома ёфт.

Соли 1975  дар мусобиқаи мошинронии «Формула-1» бори аввал ва охир дар таърих холҳои санҷиширо зан соҳиб шуд.

Гонщик команды Ferrari
Sputnik
Гонщик команды Ferrari

Рӯзи 27 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1930 дар Душанбе аввалин театрстудияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

День 26 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1933 Китобхонаи илмии марказии пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.

Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

Соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон - интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Соли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии "Пули Сангин"-ро ифтитоҳ карданд.

Соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Эмомали Рахмон дал старт реконструкции нурекской ГЭС
Эмомали Рахмон дал старт реконструкции нурекской ГЭС

Соли 2017 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар гузориш дод.

Сумангул Тагаева министр труда и занятости
© Sputnik / Амир Исаев
Сумангул Тагаева министр труда и занятости

Соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Точикистону Русия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 апрел

  • Дар ИМА рӯзи ниҳолшинонӣ.
210
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 26 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

2316
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

2316
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Доллары в кармане, архивное фото

Қаллоби доғи судӣ дошта боз ба даст афтод: 7 ҳазор доллар гирифту ғайб зад

491
(Таҷдидшуда 13:46 25.05.2020)
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони пулис дар ноҳияи Мастчоҳ нафареро дастгир намуданд, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56 - солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

"Номбурда, санаи 1-уми майи соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 68 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор, даромада, аз ӯ 7 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

491
Барчаспҳо:
милитсия, боздошт, қаллоб
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

143
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

143
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон