Медали на груди ветерана ВОВ, архивное фото

Раҳмон 6 ҳазор сомонию Ҳакимзода 2,5 ҳазорӣ барои собиқадорони ҶБВ ҷудо кард-видео

223
(Таҷдидшуда 21:12 06.05.2020)
Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ҳар иштирокчии ҶБВ дар ҷумҳурӣ 6 ҳазорӣ сомонӣ ҷудо кард, раисони шаҳру вилоятҳо низ маблағи муайян ихтисос доданд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон, бахшида ба 75-умин солгарди Ғ­алаба барои кумаки якдафъаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилоят 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо кард.

“Мукофоти молиявии раиси вилоят ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба ҳар як нафар ба андозаи 2500 сомонӣ рост меояд, зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд”, - хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар собиқадори ҶБВ, ки феълан дар қайди ҳаётанд, 6 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Теъдоди умумии иштирокчиёни ҶБВ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 170 нафар арзёбӣ мешавад.  

Тибқи  иттилои котиботи раиси Хатлон, дар вилоят то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро ташкил медиҳад. Манбаъ таъкид кард, ки дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквақтаина расонида мешавад.

223
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото

Ғорати дӯкони заргарӣ дар Душанбе: гумонбар дастгир шуд

63
(Таҷдидшуда 18:16 03.06.2020)
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ дар дӯкони заргарӣ дар Душанбе хабар медиҳад. Мақомот ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

"Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

63
Душанбе, архивное фото

Борони суст: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

286
(Таҷдидшуда 11:35 03.06.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти борон пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

286
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Боду ҳаво, Тоҷикистон
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Аз хона набароед: 45 гурӯҳи кории Рустами Эмомалӣ дар мубориза бо коронавирус

0
Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомот ва волонтёрон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки безарурат ба кӯча набароянд, ниқоби тиббӣ пӯшанд ва фосиларо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бо дастури шаҳрдори Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус 45 гурӯҳи корӣ ташкил гардид, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳ аз намояндагони мақомот ва волонтёрон иборат аст. 

Гурӯҳ  миёни аҳолӣ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташвиқот мебарад.

Дар маҷмӯъ, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 235 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар чор ноҳияи пойтахт дар маҷмӯъ бо 1790 нафар аҳолӣ-намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гашту гузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.

В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус - COVID-19 маслиҳат дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои гурӯҳ рӯзи нахустини фаъолият - 2 июни соли ҷорӣ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 1790 нафар шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва маводи таблиғотӣ - тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва мутахассисони кишварро оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 тақдим карданд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.

0