Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода

Абдулқодирзода: чӣ марду чӣ зан даст ба дуо бардорем

591
Комиссияи олии "Бародарии инсонӣ", ки қароргоҳаш дар АМА аст, аз мардуми ҷаҳон даъват кардаст, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ин даъвати комиссияи олиро ба хабарнигори "Ховар" тавзеҳ додааст.

 Мавсуф оид ба ин даъват зикр намуд, ки ҳар инсон- хоҳ  пир бошад, хоҳ ҷавон, мард ё зан, вақте даст бардошта, ба Парвардигораш муноҷот, наҷвову дуо мегӯяд, як қувваи маънавие дар ботинаш ба вуҷуд меояд, ки ман кореро анҷом додам, бо Парвардигорам розу ниёз гуфтам ва Парвардигори ман ҳозир ба ҳама кор ҳаст.

Барои ҳамин мегӯянд, ки агар Худо нигоҳ бидорад, ҳеҷ бало нест. Агар Худо нигоҳ надорад, ҳеҷ даво нест.  Имрӯзҳо бояд хусусан солхӯрдаҳои мо дар мамлакати азизамон, чӣ марду чӣ зан ҳамеша даст ба дуо ба сӯи Парвардигор бардоранд.

Хусусан дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи иҷобати дуо, моҳи покшавӣ аз гуноҳ ва  даҳаи мағфират аст, бояд ин фурсатро ғанимат бидонем.

"Ҳамон лаҳзае, ки эълон карданд, ҳатман  мо ба умеди Парвардигор бо як қалбҳои ғамгин, ки хеле дар як вазъияти ногувор қарор дорем, бо қалбҳои ботавозуъ ва мутазарриъона, бо зораву гиря ба Парвардигор даст бардорем, то ки ин офатро  аз сари мо бардорад", — мегӯяд муфтӣ.

Ба зикри Саидмукаррам Абдуқодирзода,  "ҳамаи ин пастиву баландиҳои зиндагӣ ба хотири имтиҳон гирифтани бандагон аст. Мо бояд ҳамчун мусалмони боимону боақида, ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифат барои оромиву ободӣ, пешравии давлату миллати худ ва барои саодати миллат ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, бояд дар ин ҳолат анҷом дода, ҳеҷ чизро дареғ надорем ва ҳаргиз ноумед низ набошем".

Тавре ки мегӯянд, "ноумед шайтон аст". Ба сӯи Парвардигор дасти умед боло кунем, зеро Худованд ҳеҷ умедвореро ноумед намекунад. Аз ин рӯ ин иқдоми пешгирифтаи Комиссияи олии "Бародарии инсонӣ" хеле хуб аст ва мо онро пурра дастгирӣ намуда, ҳама ходимони динро аз ин огоҳ мекунем  ва дар вақти муайян мо ин корҳоро ба хотири Парвардигор анҷом медиҳем ва Парвардигор низ ҳозиру тавоноии мутлақи доимоабад аст".

Модоме, ки ин даъват барои дуо, барои бартараф шудани ин балову вабо, офату зарару хатар шудааст, мо ҳама мардуми мусалмон, хусусан ходимони дин инро бо ҷону дил қабул дорем ва ҳар кадоме дар муҳити худ бо шароиту имконияти худ, бо дарназардошти вазъияти худ ҳатмӣ дар он шарик шуда, дуо мекунем.

Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"

То Худованд ин зарару балоро аз сари инсоният бардорад. Тавре ҳакиме гуфтааст: "Дуо балоҳоро бартараф мекунад". Пайғамбар (а.с) мегӯяд, ки "ин дуо мағзи ибодат аст ва ин дуо бартарафкунандаи тамоми офату зиёну зарар аст".

591
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

95
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

95
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон
Дедушка в маске в городе Душанбе

Муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ ба мардум: ниқоб пӯшед ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунед

173
(Таҷдидшуда 12:42 04.06.2020)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз бурузи мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳо ҳушдор дода, тоҷикистониёнро ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пӯшидани ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 ба  аҳолии  кишвар расман муроҷиат намудаст.

Ба маълумоти ситоди мазкур, аксар кишварҳои ҷаҳон бинобар риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва тадобирҳои пешгирикунанда,  ба мавҷи дуюми бурузи маризии сироятии коронавирус рӯбарӯ шуданд. 

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ: 177 хориҷӣ дар карантинанд

Гузашта аз ин, аз  тамоми  сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷаъмиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми тоҷикистониён дархост намудааст, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Ситод ҳушдор медиҳад, ки дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус нисбате  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

173
Барчаспҳо:
ситод, муроҷиат, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

0