День 23 мая

Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

122
(Таҷдидшуда 20:47 22.05.2020)
Рӯзи 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон, дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ, дар Ямайка — Рӯзи меҳнат ва дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён мебошад

Рӯзи 23 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1930 аввалин нишони Ленин ба рӯзномаи "Комсомольская правда" дода шуд.

Соли 1949 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон қабул гардид.

Соли 1963 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар  роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.

© Sputnik / Вячеслав Рунов
Первый секретарь ЦК Коммунистической партии Республики Куба, Председатель Государственного совета и Совета Министров РК Фидель Кастро

Соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Русия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар катори дигар кишварҳо шомил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.

Соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.

Соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид, ки  дар он намояндаи Тоҷикистон — Дилшод Назаров бо 29 сантиметр дуртар партофтани гурз  нисбат ба гурзандози латвиягӣ ҷойи якумро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,38 сантиметр  партофт.

Дилшод Назаров. Архивное фото
© AP / Matt Slocum
Дилшод Назаров. Архивное фото

Рӯзи 22 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат вохӯрӣ карда, онҳоро қувваи пешбарандаи  ҷомеа  номиданд.

День 22 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2009 масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ шуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, аз рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.

Соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 май

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.
  • Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.
  • Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.

Рӯзи 23 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бахтиёри Муртазо (1940) – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тамара Ламзина (1924- 1999)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Мунаввари Мунавварзод (1959)- публисист.

Николай Никитин (1925) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Антонина Писарчик (1907 – 2003) – муаррих, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Абдуҷаббор Сатторов (1946-2013) – муаррих, профессор.

Шўҳрат Султонов (1951)- доктори илми сиёсатшиносӣ.

Валерий Талвик (1939 – 1987) – нависанда.

Лада Шанидзе (1944) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

122
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

2474
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

2474
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Доллары в кармане, архивное фото

Қаллоби доғи судӣ дошта боз ба даст афтод: 7 ҳазор доллар гирифту ғайб зад

503
(Таҷдидшуда 13:46 25.05.2020)
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони пулис дар ноҳияи Мастчоҳ нафареро дастгир намуданд, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56 - солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

"Номбурда, санаи 1-уми майи соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 68 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор, даромада, аз ӯ 7 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

503
Барчаспҳо:
милитсия, боздошт, қаллоб
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

139
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

139
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон